Home ХАБАР ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ПАС АЗ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ПАС АЗ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
10 views

24.10.2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пас аз анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ ва такмили заминаи моддию техникӣ толори Шурои диссертатсионӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи толор ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва ҳайати раёсати донишгоҳ иштирок намуда, бо шароити фароҳамгардида, имконоти мавҷуда ва заминаи моддию техникии толор шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти олии давлат, хосса ҳидоятҳои созандаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илму маориф, таҳкими иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки муҳаққиқон амалӣ гардидааст.

Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни суҳбат иброз доштанд, ки беҳтар намудани шароити моддию техникӣ ва муҳайё сохтани муҳити муосири илмӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати фаъолияти таълимию тадқиқотӣ ба шумор меравад. Ба таъкиди эшон, навсозии толори Шурои диссертатсионӣ барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ҷаласаҳои илмӣ, баррасии рисолаҳои диссертатсионӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои муҳаққиқону унвонҷӯён заминаи мусоид мегузорад.

Таъкид гардид, ки таъмиру азнавсозии иншооту биноҳои донишгоҳӣ танҳо бо беҳтар намудани намуди зоҳирии онҳо маҳдуд нашуда, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият, фароҳам овардани муҳити созгори корӣ ва таҳкими фарҳанги созандагӣ равона мегардад. Дар ин замина, толори навсозишуда бо намуди зебову муосир, шароити муносиб ва имконоти техникии мавҷуда барои баргузории ҷаласаҳои Шурои диссертатсионӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки Шурои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 2026, №342/шд, бо рамзи 6D.KOA-147 таъсис дода шудааст.

Шурои мазкур ба баррасии рисолаҳои илмии унвонҷӯён барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 — Педагогика ва психология (6D010301 — Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот), 6D010900 – Математика (6D010901 — Назария ва методикаи таълими математика (таҳсилоти умумӣ) ва 6D011100 – Информатика (6D010901) ихтисоси марбут ба назария ва методикаи таълими информатика (таҳсилоти умумӣ) машғул мегардад.

Ҳамзамон, дар доираи салоҳияти худ Шуро рисолаҳои илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3. Педагогика (5.3.1 — Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, 5.3.4.1 — Назария ва методикаи таълими математика ва 5.3.4.3 — Назария ва методикаи таълими информатика) баррасӣ менамояд.

Ифтитоҳи толори навсозишуда қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии донишгоҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти илмӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани нуфузи илмии донишгоҳ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат хоҳад кард.

Related Articles

Leave a Comment