Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ КАФЕДРА

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ КАФЕДРА

by admin
11 views

Имрӯз, 21.10.2026, дар кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайни факултети физика,  математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Шоҳсанами Ризо дар мавзуи “Технологияи рақамӣ ҳамчун омили рушди таҳсилоти олӣ”, дотсенти кафедра Фурқати Сикандарӣ дар мавзуи “Амнияти киберӣ дар шароити рушди рақамӣ” ва ассистенти кафедра Абдулҳаева Ҳалима дар мавзуи “Ташаккули дониши математикӣ ва худомӯзии хонандагон бо истифодаи воситаҳои муосири таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ” баромади пурмуҳтаво намуданд.

Related Articles

Leave a Comment