Home ХАБАР МАФҲИЛИ “РУССКОЕ СЛОВО” ГУЗАРОНИДА ШУД

МАФҲИЛИ “РУССКОЕ СЛОВО” ГУЗАРОНИДА ШУД

by admin
10 views

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Русское слово”-и назди кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ суханронӣ намуда, нақши чунин маҳфилҳоро дар баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, рушди малакаҳои муошират ва густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, донишҷӯи курси якуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Қурбонова У. Дар мавзуи “О некоторых особенностях фонетики русского языка” ва донишҷӯи курси якуми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг Мавлонова Шаҳноза дар мавзуи “Понятие лексики и лексикологии”маърӯза намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment