Санаи 21 сентябр дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Педагогикаи томактабӣ”-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.
Сараввал роҳбари маҳфил Латифзода Ойҷонбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, донишҷӯи курси 3-юми факултет Холматзода Мушкиниссо дар мавзуи “Инкишофи хотираи кӯдакони синни томактабӣ” ва донишҷӯи курси 1-ум Раҳмонова Райҳона дар мавзуи “Хусусияти анатомӣ-физиологии кӯдакони синни томактабӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои хусусиятҳои инкишофи ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон, роҳҳои инкишоф додани хотира дар синни томактабӣ ва аҳаммияти ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ дар раванди таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба нақши муҳити тарбиявӣ ва истифодаи усулҳои самараноки педагогӣ дар ташаккули қобилиятҳои зеҳнии кӯдакон андешаҳои худро баён намуданд.
