Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АЗ САРНАВИШТИ ТАЪРИХӢ ТО ФАРДОИ ДУРАХШОН

АЗ САРНАВИШТИ ТАЪРИХӢ ТО ФАРДОИ ДУРАХШОН

by admin
7 views

(Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сарнавишти таърихӣ

Таърихи ҳар як миллат китоби бузург ва умри абадияту ҳастии ӯст. Дар равзанаи пурҳаводиси таърихи қавму миллатҳо саҳифаҳое мавҷуданд, ки бо хуни ниёкону ашки умед ва орзуҳои бузурги ватандорӣ навишта шудаанд ва саҳифаҳое низ мавҷуданд, ки бо нури озодӣ, соҳибдавлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ медурахшанд. Миллати ранҷкашидаи тоҷик яке аз бостонитарин ақвоми мутамаддини Шарқ, дар дарозои таърих аз зовияи таърих ва аламҳои бешумор гузашта, армони соҳибихтиёриро амонати муқаддас дар дилу ҷони хеш нигоҳ доштааст.

Тасвири таърихи бо разму ҷидол, ғаразу бухли нотавонбинон олуда ва мушкилоту нобасмониҳои омехтаи Тоҷикистони ҷавон мушкилу ғамангез аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи навини таърихи давлатдории тоҷикон — баъди 1100 соли нузули давлати муқтадири Сомониён бо заҳмату талошҳои сангини Исмоили замон — Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ мақому ҷойгоҳи худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.

Мардум ба вартаи ҷанги хонумонсӯз кашида шуда, дар фикри ҳифзи ҷон, гурӯснаву ташна, бе ҷову макон ва қисме дигар тарки Ватан карда буданд. Кишвар дар чунин як ҳолати вазнини иқтисодӣ қарор гирифта буд, ки умеде ба ояндаи дурахшон барояш намонда буд. Орзуи ягонаи миллат ғайр аз тинҷию осудагӣ чизи дигар набуд. Шоири хушкалом, равоншод Ашӯр Сафар дарди миллатро аз даҳшати ҷанги хонумонсӯз ба риштаи назм кашида гуфтааст:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,

Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?…

Таърих гувоҳ аст, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидо ва номовару ғаюраш вобаста аст. Пешоҳангон тавассути роҳкушоиҳову шуҷоат ва хиради волои худ, зиндагии шоистаро ба мардум эҳдо намуда, пуштибону сипари онҳо аз ҷафоҳои таърих мегарданд. Маҳз хидматҳои ояндаафрӯзи ин қабил афрод дар марҳалаҳои муҳиму тақдирсози ин ё он қавму миллат пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа – иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳангу маънавиёт, солимиву тандурустӣ, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва амсоли инҳоро таъмин менамояд, зеро худи мафҳуми «сарвар» маънои бурдан ё дар сафи пеш буданро ифода мекунад.

Дар давлатдории навини тоҷикон нақши заҳмату талошҳои фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, маърифати баланди инсондӯстӣ, матонату шуҷоат ва касбияти волои сарварӣ мебошанд, ҳадду канор надорад. Аз ибтидои роҳбарии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити пурпечутоби солҳои 90-ум дар бартараф кардани душвориҳои зиёди зиндагии мардум ҳастии хешро дареғ надошта, ба мардуми азизаш сулҳ овард. Лаҳзаҳое, ки ҳар як сокини кишвар дар фикри ҳифзи ҷони худ буданду ягон нафар аз тарси ҷон ҷуръати дар мансаб будан надоштанд, Эмомалӣ Раҳмон ба миллати парешонгашта бо итминони комил ваъдаи сулҳ дод: «Ман ба Шумо сулҳ меорам»… Ин сулҳи деринтизорро, ки дар нахустин баромадҳояшон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буданд, пушти он қудрат ва тавонмандие меистод, ки таҷассумаш дар тасвирҳо намеғунҷад. Хиради азалӣ, шоистагиҳои сарварӣ ва иқболи баланду дуои неки мардуми кишвар, роҳкушоиву бахшоиши беинтиҳо ва дигар хислати инсони комил доштанаш дасташ бигирифт ва ба қуллаи мақсуд расонид.

Бо қавлу иродаи қавӣ, тақдири азалӣ ва сиёсати босуботу устувори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, мустаҳкам намудани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ, фароҳам овардани шароити хуб баҳри мардум, таъмини амнияти дохилӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва амсоли инҳо саҳми боарзишу беназир доранд. Расул Ғамзатов дар бораи сулҳи тоҷикон ва саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ин рӯзи нек гуфтааст: «Фақат ҷанг набошад, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…»

Соҳибистиқлолӣ ва наҷоти миллат

Тоҷикон аз зумари миллатҳоест, ки соҳиби тамаддуни бостонӣ буда, дар тӯли таърихи беш аз панҷҳазорсолаи худ бо донишу фарҳанг, муруввату ватандорӣ ва ғановати чашмгир муаррифӣ гардидааст. Бунёди шаҳрҳо, рушду такомули илму адаб, ҳифзу гиромӣ доштани забону фарҳанги мо дар ягон давраи пурмоҷарои таърихӣ аз ормонҳои миллии худ ҳеҷ гоҳ канор нарафтааст.

Истиқлолият, озодӣ ва иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ барои ояндаи дурахшони Ватан ва рушди шахсияти хеш аз бузургтарин арзишҳое мебошанд, ки бақои ҳар миллатро таъмин менамоянд. Таърих борҳо собит намудааст, ки танҳо ва танҳо ҷомеаҳое ба саодати комилу пешрафти воқеӣ мерасанд, ки сарнавишти худро худашон навишта кунанд ва ҳосили заҳмати худро барои пешрафту ободии диёри худ сарф намоянд. Вобастагӣ ва чашмбарори дигарон будан ҳеҷ гоҳ ба миллат сарбаландӣ намеорад ва ҳамеша ғояи дар банд буданро дар афкори мардум талқин менамояд. Ягона роҳи пурифтихору расидан ба озодиву соҳибихтиёрӣ, худогоҳию худшиносӣ, меҳнати содиқона ба Ватан соҳибихтиёрӣ ба тақдири хеш аст, ки роҳи ояндаи пурифтихори кишварро рушан менамояд. Маҳз ҳамин андешаи воло ва сабақи таърихиро мутафаккирон ва шоирони бузург низ бо самимияти тамом таъкид кардаанд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи он шоиронест, ки тавсири гуфтаҳои болоро дар назми худ ҷой дода, мефармояд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Истиқлолияти давлатӣ гаронбаҳотарин неъматест, ки дар таърихи навину соҳибихтиёрии миллати сарбаланди тоҷик фазои озод, адолати иҷтимоӣ ва ифтихори миллиро таъмин намудааст. Ватандорию ватанпарастӣ танҳо мафҳуми ҷуғрофӣ ё мансубияти шаҳрвандӣ нест, балки падидаи амиқи маънавӣ, худшиносию худогоҳии миллист, ки пайванди амиқи инсониро ба сарзамини аҷдодӣ, таъриху фарҳанги пурифтихори миллӣ ифода мекунад. Дар тамаддуну фарҳанги пурифтихори миллати тоҷик асоси ватандорӣ ва муҳаббат ба диёр на бо меъёрҳои моддӣ, балки бо арзишҳои муқаддаси маънавӣ ва садоқати бепоён санҷида мешавад.

Шоири тавоно ва хушхомаи тоҷик, равоншод Бозор Собир ҷавҳари ҳақиқии муҳаббат ба Ватан ва сарзамини аҷдодиро дар ниҳояти садоқату самимият ба балоғати баланд чунин ба қалам додааст:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам,

Ватан ҳастӣ, бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст…

Истиқлолият барои миллати сарбанди тоҷик танҳо як рӯйдоди сиёсӣ ва ё саҳифае таърихӣ нест, балки он хати марзи миёни ҳастию нестӣ, нуру зулмот ва парокандигию ваҳдат мебошад. Шаҳомати ин неъмати бебаҳоро мо замоне идрок мекунем, ки воқеияти шуми солҳои навадум, ки бар сари миллати тоҷик нобасомониҳои зиёде таҳмил карда шуд, дар тарозуи андеша баркашем ва муҳимтарин ҷузъиёти онро дарк намоем.

Агар Истиқлолияти давлатӣ ва ягонагиву Ваҳдати миллӣ намебуд, Тоҷикистон ба вартаи нестӣ кашида шуда, хатари нест гардидани он аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба воқеият табдил дода мешуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии хонумонсӯз дар фалаҷ гардидани сохтори давлатӣ, ба ҳам дарафтодани бародар бо бародар, ба маротиб зиёд гардидани гурезагон, авҷ гирифтани бемориҳои маргбори сирояткунанда, комилан аз байн рафтани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, ғасби ғояҳои миллӣ тариқи андешаҳои бегона замина гузошта, кишварро ба фақирии мутлақ ва буҳронӣ мубаддал гардонид.

Аз оғози соҳибистиқлолӣ 35 сол сипарӣ гардид. 35 сол назди таърих муддати чандон тӯлонӣ нест, аммо дар ин муддат Тоҷикистон ба марҳилаи рушди худ расид ва худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Умед ба он дорем, ки дар марҳилаҳои баъдии рушди кишвар қадамҳои ҳушмандона бардошта мешавад ва то 40 — солагии ҷашни муқаддаси миллӣ — Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон марҳилаи нави пешрафт мерасад ва ба яке аз давлатҳои таъсиргузор дар минтақа табдил меёбад. Дар ин роҳ хиради азалии Пешвои миллат, тавонмандии халқи азизам, иттиҳодиву сарҷамъии миллат, иродаи устувори ҳар як сокини мамлакат моро ҳамроҳӣ менамояд.

Дар умум, имрӯз, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи тайкардаи миллати тоҷик аз рӯзҳои пурошӯби таърихӣ то марҳилаи сулҳу субот ва созандагӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Истиқлолият барои мо на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки заминаи таҳкими Ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ин марҳилаи муҳим вазифаи ҳар яки мост, ки бо ҳифзи сулҳу ваҳдат, эҳтироми арзишҳои миллӣ, донишандӯзӣ ва меҳнати содиқона дар ободии Ватан саҳм гузорем. Фаъолияти минбаъдаи мо низ бояд ба таҳкими пояҳои истиқлолият, татбиқи ҳадафҳои созанда ва ба даст овардани натиҷаву дастовардҳои арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз равона гардад. Зеро 35 соли истиқлол на танҳо натиҷаи роҳи тайшуда, балки оғози марҳилаи нави созандагӣ ва қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшони Тоҷикистон мебошад.

Эраҷ Абдусамадзода, дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment