Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

ИСТИҚЛОЛИЯТ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

by admin
7 views

«Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ Раҳмон

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ аз арзишҳои бисёр бебаҳои ҳаёти ҳар як инсон ва муҳимтарин омилҳои ҳастии миллату давлат ба шумор мераванд. Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Суруди миллӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар ва берун аз он дар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, маросиму ҳамоишҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Истиқлолият танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ нест, балки ҳастии миллӣ, худшиносӣ ва масъулияти таърихии ҳар як шаҳрванд дар назди гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат мебошад. Истиқлолият вақте маънои воқеӣ пайдо мекунад, ки озодии давлат бо маърифати ҷомеа, ваҳдати миллӣ, қонунмадорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ пайванди ногусастанӣ дошта бошад.

Дар фалсафаи таърих истиқлолият рамзи озодии миллат ва имкони интихоби роҳи мустақили рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Арзёбии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ низ як марҳилаи муҳими худшиносии миллӣ буда, нишон медиҳад, ки миллат метавонад бо такя ба ваҳдат, хирад ва иродаи созанда сарнавишти худро бо дасти худ бунёд намояд.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Ин неъмати бузург барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи худро мустақилона муайян намуда, барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорад. Соҳибистиқлол гардидани кишвар заминаҳои мусоиди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фароҳам овард.

Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи илму маориф марбут донист. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ ва биноҳои нави донишгоҳҳо бо меъмории муосир ба истифода дода мешаванд. Дар ин муассисаҳо омӯзгорону олимон ва дигар аҳли зиё ба таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ машғул мебошанд.

Чунонки мегӯянд:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй ба мактаб биёр.

Дар сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар эътироф гардидааст. Ин таваҷҷуҳ моро водор месозад, ки ба арзиши дониш, маърифат ва тарбия бештар аҳамият диҳем. Зеро рушди устувори давлат пеш аз ҳама ба сатҳи маърифати ҷомеа ва сифати таълиму тарбияи насли ҷавон вобаста мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ба наврасону ҷавонони тоҷик имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст, то дониш, қобилият ва маҳорати худро дар самтҳои гуногун инкишоф диҳанд, дар озмуну мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзанд ва Ватани худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, варзиш, технологияҳои муосир ва дигар самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як ҷавон аст, ки аз имкониятҳои фароҳамомада самаранок истифода намуда, бо омӯзиши илму дониш, азхуд кардани касбу ҳунар ва риояи арзишҳои миллӣ дар рушди ҷомеа саҳми муносиб гузорад. Зеро ояндаи истиқлол аз насли имрӯза вобаста аст: ҳар қадар ҷомеа донишманд, худшинос ва масъулиятшинос бошад, пояҳои истиқлол ҳамон қадар устувор мегарданд.

Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон инчунин барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии мардум ва ободонии шаҳру деҳоти кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон дар давоми 35 соли истиқлолият дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу санъат, иқтисоду иҷтимоиёт, тандурустӣ, сохтмон, энергетика, роҳу нақлиёт ва дигар самтҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшида, бо ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳм мегузорад. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият барои миллат на танҳо имкони худмуайянкунӣ, балки заминаи муҳимми рушди давлат ва муаррифии шоистаи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Сеюним даҳсолаи таҳкими давлатдории миллӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи миллат бо андешаи фалсафӣ назар намуда, аз гузашта сабақ бигирем ва дар назди имрӯз ва ояндаи кишвар масъулияти бештар эҳсос намоем. Зеро ҳифзи истиқлолият танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Мо бояд дарк намоем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон, ба қадри ин неъмати бебаҳо — Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Миллати тоҷик дар масири таърих бо шебу фарозҳо, шикасту пайвастҳо ва мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардида, дар ниҳоят ба соҳибистиқлолӣ расид. Аз ин рӯ, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Дар фарҷом бояд гуфт, ки истиқлолият танҳо мероси таърихие нест, ки мо онро соҳиб шуда бошем; он масъулияти бузургест, ки ҳар насл бояд бо дониш, ваҳдат, меҳнати созанда, худшиносии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳифз намуда, ба насли оянда ба таври шоиста ба мерос гузорад.

Пойдору ҷовидон бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Аминҷон Раҷабов, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment