Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФ, САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФ, САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

by admin
8 views

Истиқлолият гаронбаҳотарин неъмат, волотарин дастовард ва муқаддастарин соҳибихтиёрие мебошад, ки насиби миллати куҳанбунёду фарҳангии тоҷик гардидааст. Ин вожа муқаддас барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо мафҳуми озодӣ, балки рамзи номус, ҳувияти миллӣ ва кафолати ояндаи дурахшонро дорад.

Маҳз 9-уми сентябри соли 1991, халқи тоҷик ба орзуи чандинсолаи худ расид ва саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории миллии худ боз намуд. Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ва собитқадамона ба он ғамхорӣ зоҳир менамоянд, ки яке аз муҳимтарин соҳаҳо ва кафили боэътимоди тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат – маориф рушду густариш ёбад. Бо дарназардошти ин нукта, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили маърифатиро кафолат медиҳад. Ба ин хотир дар моддаи 41 омадааст: «Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали барқарор шудани сохти конститутсионӣ ва ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданаш маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати хеш эълон дошта, пайваста ба ин соҳаи муҳимми ҳаёти фарҳангии халқу кишвар, ки ба фаъолияти босамару босифати он, ҳувияти миллӣ ва ояндаи давлату миллат робитаи ногусастанӣ дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Роҷеъ ба ин Сарвари давлат хеле мушфикона изҳор доштаанд, ки «маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст».

Саъю кӯшишҳои ҳадафноку хастанопазири Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти торафт беҳтару хубтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзидаву соҳибмаълумот ва соҳибтахассуси бозгӯйи талаботи замон ва бозори меҳнат бар он асос ёфтаанд, ки дар замони пешрафти босуръати илму техника ва ҷаҳонишавии кулли соҳаҳои ҳаёти башарият бояд савияи дониш ва дараҷаи тахассуси муҳассилини ҳама зинаҳои таҳсилот ва хатмкунандагони муассисаҳои миёнаи махсус ва олии касбӣ ба талаботи низоми нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии замони муосир мувофиқат дошта бошад.

Бо ин мақсад ва бо дарназардошти аҳамияти бузург доштани таълиму тарбия дар рушду густариши ҷомеа ва устувор сохтани заминаҳои ҳуқуқию меъёрии фаъолияти босамару сифатноки соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи санадҳои ҳаётан муҳимму арзишмандро ба тасвиб расонид. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи кӯдак», «Дар бораи маълумоти олӣ ва баъди мактаби олии касбӣ», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ», «Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», бешубҳа, ба густариши соҳаи мактабу маориф мусоидат менамоянд.

Ин ҳама дар маҷмуъ имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки дигаркунии мазмуну мундариҷаи маълумот ва ислоҳоти куллии системаи маориф асоси онро ташкил менамояд, дар ҳаёт татбиқ карда шавад.

Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зикр гардид, ки бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи маориф дар рушду пешрафти ҷомеа, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад.

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар ҷамъомад ба муносибати рӯзи дониш суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Президенти кишвар заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишварро дар роҳи тақвияти Истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас арзёбӣ намуд.

Дар дарси сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бояд барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва оромиву осоиш дар Ватани маҳбубамон ҷидду ҷаҳд намоем, пайваста кӯшиш кунем, ки раванди созандагиву бунёдкориҳоро дар кишварамон боз ҳам вусъат бахшем.

Масъулияти мо омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти Истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас мебошад.

Истиқлолият танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, он масъулияти бузург аст. Мо бояд бо илмомӯзӣ, меҳнати содиқона ва ватандӯстии худ пояҳои ин давлати ҷавону соҳибихтиёрро боз ҳам мустаҳкамтар гардонем.

Зиндаву ҷовидон бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Файззода Бахтовар, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment