Home ХАБАР ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТИ АҲЛИ ҚАЛАМ: ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТИ АҲЛИ ҚАЛАМ: ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
10 views

Имрӯз (05.09.2026) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатуллоҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, намояндагони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ҳамоишро ректори донишгоҳ профессор Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, меҳмононро самимона хайрамақдам гуфт. Ӯ таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо барои баррасии масъулияти журналистика дар ҷомеаи муосир, тарбияи кадрҳои соҳа ва нақши воситаҳои ахбори омма дар муаррифии воқеият ва дастовардҳои кишвар заминаи муносиб фароҳам меорад.

«Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имкони муайян намудани роҳи рушд, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими худшиносиро фароҳам овард. Дар зарфи 35 сол таҳти парчами давлатдории миллӣ дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва инфрасохтор корҳои бузург анҷом ёфтанд. Ин дастовардҳо ниёз ба муаррифии воқеъбинона ва касбӣ доранд, зеро ҷомеа маҳз тавассути иттилооти дақиқу санҷидашуда аз раванди созандагӣ огоҳ мегардад», — иброз дошт ректори донишгоҳ.

Зимни суханронӣ профессор Сафарзода Мунир Ватан ҳамчунин нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлобро дар омода намудани мутахассисони соҳаи журналистика муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ниҳодҳои касбии соҳа барои пайванди донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ ва тарбияи журналистони ҷавобгӯ ба талаботи замон аҳамияти хос дорад.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатуллоҳ суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, марҳилаҳои давлатсозии навини тоҷикон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ андешаронӣ кард. Зикр намуд, ки аҳли қалам дар муаррифии дастовардҳои кишвар, таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа масъулияти бузург бар уҳда доранд. Ӯ рӯзноманигоронро ба риояи меъёрҳои касбӣ, таҳлили воқеъбинонаи рӯйдодҳо, масъулияти шаҳрвандӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири иттилоотӣ барои хизмати содиқона ба ҷомеа ва Ватан даъват намуд.

Собиқадори матбуот Бозорзода Сафаралӣ зимни баромади худ ба таърихи соҳибистиқлолии кишвар, марҳилаҳои душвори оғози давлатдории миллӣ ва сабақҳои талхи солҳои 1992-1997 ишора карда, таъкид намуд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ӯ ҷавононро ба омӯзиши илм, аз худ намудани касбу ҳунар, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят намуда, таъкид кард, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи даврони истиқлол метавонад заминаи зиндагии шоиста ва рушди минбаъдаи ҷомеаро фароҳам созад.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмони ҳамоиш қадрдонии аҳли қалам ва фаъолони соҳа буд. Ба як гурӯҳ иштирокчиёни чорабинӣ Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Медали 100-солагии матбуоти тоҷик ва Сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим гардид.

Ҳамчунин дар фазои тантанавӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба ҳайати меҳмонон Меҳрномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ супорида шуд

Related Articles

Leave a Comment