Home ХАБАР ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДДК

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АҲЛИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДДК

by admin
4 views

Имрӯз (31.08.2025) ҳайати олимону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар толори фарҳангии муассиса бо эҳсоси баланд ва ифтихор аз ватандорӣ раванди Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба таври дастаҷамъона тамошо намудаанд.

Ин иқдоми маърифатпарваронаи Ҳукумати кишвар, ки ҳамасола соли таҳсил бо Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли маориф ва баргузории Дарси сулҳ оғоз мегардад, далели таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маориф, сулҳу субот ва тарбияи насли навраси кишвар аст. Ин рӯйдоди фараҳбахш, ки ҳамчун оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад, на танҳо оғози омӯзиши донишҳои нав, балки сабақе арзишманд дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу суботи кишвар маҳсуб меёбад.

Маҳз ҳузури Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни дарси нахустин баёнгари он аст, ки суханронии Президенти кишвар дарси ибрату рӯшноии роҳи созандагист. Дар ҳар сухани Пешвои миллат эҳсоси гарми меҳанпарастӣ, эҳтиром ба илм ва масъулияти шаҳрвандӣ ниҳон аст, ончунон ки бо шунидани нукоти ҳикматбори ин абармарди дунёи сиёсат ҳар як омӯзгору донишҷӯ ба қадри илму маърифат ва волоияти сулҳ бештар воқиф мегардад.

Дар ин рӯзи хотирмон ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ин дарси зиндагисозро ҳамчун нури раҳнамо пазируфта, тасмим доранд, ки таъкиду супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар роҳи ободии Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонмардони ҳақиқии миллат саҳми арзанда гузоранд.

Дар ин радиф имрӯз дар тамоми факултетҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тамошои дастаҷамъии Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ташкил ва роҳандозӣ гардид, ки дар он ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯён бо руҳияи баланд ва ифтихори миллӣ иштирок намудаанд.

Related Articles

Leave a Comment