Бегоҳи 10 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо ибтикори ансамбли «Гулрез»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ истиқбол намудани 35-умин солгарди ҷашни муқаддасу миллӣ- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ҳозирин ва сокинони шаҳри Кӯлоб лаҳзаҳои хотирмони фарҳангиву идона эҳдо намуд.
Дар ин маҳфили пуршукӯҳ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Барномаи рангину пурмуҳтавои ансамбли «Гулрез» бо суруду рақсҳои дилангез, навоҳои миллӣ ва таронаҳои ватандӯстона ҳусни хоса пайдо карда, фазои боғро саршор аз шодиву фараҳ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ намуд. Ҳунармандони ансамбл бо маҳорати баланд ва иҷрои самимонаи барномаи консертӣ меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси истиқлолро дар қалби иштирокчиён боз ҳам қавитар гардониданд.
Шоми фарҳангӣ бо рӯҳияи баланди идона, чеҳраҳои хандон ва эҳсоси гарми ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъбаст гардид. Сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб шоҳиди барномаи пурмуҳтаво ва хотирмон гардида, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадам гузоштанд.
