Бо чунин унвон имрӯз (16.05.2026) бо ташаббуси кафедраи биология ва методикаи таълими они факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва ҳайати омузгорону донишҷуёни донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ олимону донишмандон ва дигар меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки имрӯз рушди босуръати саноат дар баробари манфиатҳои иқтисодӣ, мушкилоти ҷиддии экологиро низ ба вуҷуд овардааст. Партовҳои саноатӣ, ифлосшавии ҳаво, об ва хок, коҳиши гуногуншаклии биологӣ ва тағйирёбии экосистемаҳо аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати ҷиддии муҳаққиқон ва сохторҳои дахлдорро талаб менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки афзоиши ҳаҷми партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти мубрами экологӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит истифодаи технологияҳои муосири коркарди партовҳо, ҷорӣ намудани низоми самараноки идоракунии экологӣ, рушди ҳамкории илм ва истеҳсолот, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рушди “иқтисоди сабз” ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ эътироф гардидааст.
Дар қисмати пленарии конфронс 4 маърӯза, аз ҷумла Турдиев Турди-номзади илмҳои география, дотсенти кафедраи географияи физикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи “Области аккумуляции и абляции ледников”, Холиқзода Сафар-номзади илмҳои кимиё, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва иқлим”, Бобоев Комрон- доктор фалсафа (PhD), мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар мавзуи “Таъсири партовҳои урандор ба муҳити зист” ва Ҳисайнов Далер–номзади илмҳои биологӣ, муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Об ва аҳамияти он дар табиат” маърузаҳои илмии худро диор ба “Таъсири партовҳои саноатӣ ба муҳити зист ва экосистемаҳо” мавриди баррасӣ ва муҳокимаву омузиш қарор дода шуд. Иброз гардид, ки ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба шумор рафта, омузиши таъсири партовҳои саноатӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар барои нигоҳдории мувозинати экосистемаҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Тибқи иттилои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома нимаи дуюми рӯз бо баррасии беш аз 50 мақолаи олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар идома ёфт.
