Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
98 views
Дар таърихи 25.10.2022 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Таҳлили психологии тарсу ҳарос дар инсон ва дарку пешгирӣ намудани он» баргузор гардад.
Дар семинар сардори Раёсати илм ва инноватсия Самариддинова Зайнаб, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, сардори шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Разоқов Наврӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар суханронӣ намуда, қайд карданд: “Одам аз тарсу ҳароси ҳодисаҳои даҳшатовар, сӯхтор, марги нобаҳангоми, хабари нохуш, обхезӣ, хисороти зиёд расидан ба иқтисодиёти оила ва сар задани дигар ҳодисаҳои ҳаёти зиндагӣ ба ҳолати аффективӣ дучор мегардад. Баъзан дар ҳолати аффект, бар асари қувваи пурзӯри тарсу ҳароси зиёд ва ногаҳон шунидани хабари нохуш, ҳамаи ҳаракатҳои фаъоли одам қатъ гардида, бо ҳамин муддати муайан фаъолияти вай хотима меёбад. Аз ин рӯ, чӣ гуна вазъияти психологие, ки ботини одамро фаро гирифта бошад ҳам, бисёр хуб мешавад, ки ӯ амалҳои худро зери назорат гирад ва ба алангагирии носозгориҳои муоширати байнишахсӣ роҳ надиҳад”.
Дар охир атрофи мавзуи зикргардида донишҷӯён саволу ҷавоб карда посухҳои мушахас гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment