Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ВАРЗИШГАРДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ Дастовардҳо 13.02.2026 20

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ВАРЗИШГАРДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ Дастовардҳо 13.02.2026 20

by admin
14 views

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни наврасону ҷавонон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мешавад» баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон роҳандозӣ шуда, дар он дастаҳои гуногун фаъолона ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи духтарони волейбози Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштироки фаъолона намуда, маҳорати хуби варзишӣ ва руҳияи баланди даставиро нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Раёсати донишгоҳ варзишгардухтарон ва мураббии онҳоро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон пирӯзиҳои боз ҳам бештар, саломатии бардавом ва руҳияи шикастнопазир орзу менамояд

Related Articles

Leave a Comment