Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

by admin
27 views

Санаи 13 ноябр дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Маърифати молиявӣ” назди кафедраи молия ва қарз баргузор гардид.

Дар маҳфил сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, муаллими калони кафедраи молия ва қарз, ҳамчунин роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Назаров Салим, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ, зери роҳбарии муаллими калони кафедраи молия ва қарз Холматов Баҳром дар мавзуи “Тартиби андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment