Home ХАБАР ТАШАББУСИ ФАРҲАНГӢ

ТАШАББУСИ ФАРҲАНГӢ

by admin
24 views
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарварона ва маърифатгустаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи тадбири фарҳангии раиси вилояти Хатлон, яъне эълон гардидани Солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» дар вилоят, иқдоми шоистаеро амалӣ намуд.
Дар доираи ин иқдом, аз ҷониби донишгоҳ ба хазинаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» 400 нусха китобҳои гуногунмазмун аз соҳаҳои илм, адабиёт, таърих, фарҳанг, педагогика, инчунин 10 адад рафи муосири китобмонӣ тақдим карда шуд. Ин китобҳо барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои қонеъ гардонидани ниёзҳои маърифатии хонандагон мусоидат менамоянд.
Зикр гардид, ки ин иқдом ҳамчун саҳми арзандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушду таҳкими фарҳанги китобдорӣ, тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва баланд бардоштани завқи донишандӯзӣ дар миёни наврасон, ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки донишгоҳ ҳамеша масъалаи рушди маънавият, густариши дониш ва таҳкими робитаи илм бо ҷомеаро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ медонад.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ аз чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, ин иқдомро нишонаи равшани ҳамкории судманд миёни ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ арзёбӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment