Санаи 10-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳо конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни донишҷӯёни курсҳои чоруми ихтисосҳои алоҳида ва панҷуми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, директори Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб, дотсент Рустамшозода Шаҳбоз Рустамшо, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, методистон ва донишҷӯёни сафарбаршаванда иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни сухани ифтитоҳӣ таҷрибаомӯзии педагогиро ҳамчун омили калидии ташаккули шахсияти касбӣ ва маҳоратии омӯзгорони оянда арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки таҷрибаомӯзӣ на танҳо марҳилаи амалисозии донишҳои назариявист, балки мактаби воқеии омӯзгорӣ мебошад, ки дар он донишҷӯён масъулият, эҷодкорӣ ва муносибати инсондӯстона ба таълимро меомӯзанд.
Сипас, дотсент Рустамшозода Шаҳбоз Рустамшо доир ба низоми салоҳиятнокӣ ва тарзу усули дарс тибқи муқаррароти амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баромад намуда, нозукиҳо ва ҷузъиёти муҳимми татбиқи ин низомро ба донишҷӯёни таҷрибаомӯз фаҳмонид ва онҳоро ба истифодаи самараноки он дар ҷараёни дарс ҳидоят намуд.
Дар идома, сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар талаботи низомнома ва тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогиро тавзеҳ дода, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки бо масъулият, эътибор ва эҳсоси ватандорӣ ин марҳиларо паси сар намоянд.
Дар қисми хотимавии конфронс миёни донишҷӯён ва методистон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳо баргузор гардид, ки фазои ҳамкорӣ ва ҳамфикриро дар раванди таҷрибаомӯзӣ боз ҳам мустаҳкам сохт.
