Home ХАБАР ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОН

ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОН

by admin
3 views

Дар доираи ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (26.06.2026), ки ба натиҷагирии фаъолияти соли таҳсили 2025-2026 бахшида шуда буд, маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ба 87 нафар хатмкунанда, аз ҷумла 70 нафар бакалавр ва 17 нафар магистр, дипломҳои аъло тақдим карда шуд.

Ин дастовард нишонаи сатҳи баланди донишу маҳорати хатмкунандагон ва натиҷаи заҳмати муштараки устодону донишҷӯён арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки чунин муваффақиятҳо барои боло бурдани нуфузи донишгоҳ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меоранд

Related Articles

Leave a Comment