Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СОҲИБКОР”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СОҲИБКОР”

by admin
91 views

Санаи 15-уми декабр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмии “СОҲИБКОРӢ”-и назди кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкори факултети молиявию иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил Ҳакимов Абдуразоқ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Қурбонзода Умеда, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, Саидова Нилуфар, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари маҳфил Нуралиева Миҷгона суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Наимзода Мансур, донишҷӯи курси чоруми факултети молиявию иқтисодӣ  ихтисоси маркетинг дар мавзӯи “Мафҳуми таваррум, сабабҳои бавуҷудоӣ ва роҳҳои бартарафсозии он” суханронӣ намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment