Исоева Фариза, докторанти соли якуми PhD-и ихтисоси биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 19-умин Озмун ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъҳои занон, ки 16-18 июли соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, миёни беш аз 591 олимону ихтироъкор аз 21 кишвари ҷаҳон сазовори медали нуқра ва дипломи дараҷаи олии озмун гардид.
Ин дастовард на танҳо муваффақияти як муҳаққиқи ҷавон, балки ифтихори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва гувоҳи он аст, ки иқтидори илмӣ ва истеъдоди муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ метавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардад.
Қобили зикр аст, ки Фариза Исоева қаблан низ дар самти ихтироъкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз ҳамчун докторант роҳи илмии худро боз ҳам устуворона идома медиҳад.
14 августи соли 2026 дар ҷаласаи тантанавӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Дар маҷмӯъ, намояндагони Тоҷикистон дар ин озмун соҳиби 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 1 ҷоизаи махсус гардиданд.
Медали нуқраи Сеул-ифтихори Фариза Исоева, дастоварди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва қадами устувор дар роҳи илмии муҳаққиқи ҷавони тоҷик аст.
Раёсати донишгоҳ ин дастоварди бузургро ба муҳаққиқ ва ҳайати кормандони муассиса самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмию эҷодиашон барору зафарҳои нав ба нав таманно мекунад.
