19-уми феврали соли 2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Ғанизода Фируз, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ Қаюмова Мубина, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Маҳфилро декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Артиши Миллӣ табрик гуфт ва таъкид кард, ки Артиши миллӣ рамзи шуҷоат, садоқат ва ҳифзи марзу буми кишвар мебошад.
Сипас, роҳбари маҳфил Исломова Мадина суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо маърӯзаҳои баррасишаванда шинос кард.
Дар идома, донишҷӯёни соли якуми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Саидова Нигора бо маърӯзаи “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” ва Сайҷаъфарзода Озода бо маърӯзаи “Ватан ва ватандӯстӣ дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб” баромад намуданд.
Дар қисми ҷамъбастӣ, сармутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Ғанизода Фируз суханронӣ карда, фаъолияти маҳфили мазкурро муҳим арзёбӣ намуд ва донишҷӯёнро барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои илмӣ даъват кард.