Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Тибқи ақидаҳои олимон нишонаҳои аввалинро дар бораи коррупсия дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то замони мо), дертар, дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар фарҳангномаҳо истилоҳи «коррупсия» ба маънои фасод, зараррасонанда, вайронкунанда, инчунин сарчашмаҳои вобаста ба ҳуқуқ мафҳуми фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансабӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва ашхоси ба ин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сӯйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ғаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст.
Дар баробари дигар зуҳуротҳои манфии ҷомеа имрӯз яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар замони муосир ин, мубориза бо коррупсия мебошад. Доир ба ин масъала солҳои охир дар расонаҳои иҷтимоӣ, телевизион, радио ва матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он фикру андешаҳои зиёд ба назар мерасад.
Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шарҳ дода шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
Аз нуқтаи назари қонунгузорӣ дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад, вале дар мубориза бо ин рафтори номатлуб аксари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ саҳм доранд ва ҳамкориро бо аксари давлатҳои мутамаддин ва пешрафта ба роҳ мондаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз онҳо мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин самт Созмони Миллали Муттаҳид ба муваффақияти зиёд ноил гардида, ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд, муттаҳид гардонидааст. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ 9-уми декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст, аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ва ниҳоди умумимиллӣ-Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи мубориза бо коррупсия қабул гардиданд, ки зикри онҳоро зарур мешуморем:
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи 2020, №1714;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007, №233;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» аз 25 марти соли 2011, №86;
-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998;
-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №455;
-Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, №59;
-Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №492;
-Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34;
-Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504;
-Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010, №864 «Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №431 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012»;
-Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №22;
Муқовимат ба коррупсия–фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
Дар баробари қабул ва тасдиқи як қатор қонунҳо вобаста ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа инчунин мақолаҳои илмиву публитсистӣ нашр шудаанд. Аз ҷумла, доир ба сабабҳо ва омили паҳн гаштани амалҳои коррупсионӣ устодони кафедраи тиббӣ — ҳарбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино С. Ҷураев, М. Расулов, Х. Норов дар мақолаи хеш «Коррупсия ва омилҳои пайдоиши он» чунин ибрози андеша намудаанд: «Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд».
Дар Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд, муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди вакоалтҳои мансабӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.
Қайд бояд намуд, ки паҳн гаштани ин зуҳуроти мазкур дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикор ва дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи ҳуқуқ ва сохторҳои қонунгузорӣ як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар баробари ин барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 қабул гардид. Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад ва мубориза бо коррупсия низ, қисми муҳимми мақсади фармони мазкурро ташкил медиҳад.
Вобаста ба коррупсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аз 28-уми декабри соли 2024 зикр намуданд: «…то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд. Дар бисёр кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80–90 фоизро ташкил медиҳад. Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад». Ин суханон гувоҳи он аст, ки Президенти кишварамон барои бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ таваҷҷуи зиёд доранд.
Вобаста ба таъкидҳои Роҳбари давлат бояд дар асоси Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, чораҳои зайл андешида шаванд: дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд; дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.
Дар фароварди сухан ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки новобаста аз тарзи фаъолият ҳар яки мо бояд садди роҳи амалҳои коррупсия гардем, зеро ин метавонад ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ ва ғайра оварда мерасонад. Инчунин, дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: «Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».
Ва ҳамин тариқ метавон гуфт, ки тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем. Чи тавре ки Роҳбари давлат иброз намудаанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».
Насимҷони Саидаъзам — ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ассистенти кафедраи фалсафа