Home ХАБАР МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯИ ДОКТОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯИ ДОКТОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

by admin
16 views
Санаи 01.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маърӯзаи илмии довталаби дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08-Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.03 — Назария ва методикаи фанҳои риёзӣ, таҳсилоти касбӣ) Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб — дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Системаи методии ташаккули фаъолияти эҷодии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар раванди омӯзиши математикаи олӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот” (мушовири илмӣ Нӯъмонов Мансур, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) шунида шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар муҳокима Рафиев Сафархон-дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Назаров Аҳтам ва Раҷабов Тағоймурод профессорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими они Донишгоҳ, дотсент Сироҷиддини Давлаталӣ ва ҳайати устодону омӯзгорони факултети физика ва математика иштирок намуданд.
Ба ҳайси эксперти рисолаи докторӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ғуломов Ислом (тариқи маҷозӣ), дотсентон Рафиев Сафархон, Сироҷиддини Давлаталӣ ва Ниёзов Ҷонмуҳаммад баромад намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба паҳлуҳои кор баён намуданд.

Related Articles

Leave a Comment