Home ХАБАР ШИНОСОИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ИМКОНОТИ МОДДӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ

ШИНОСОИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ИМКОНОТИ МОДДӢ ВА ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ

by admin
27 views

Санаи 12-уми марти соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ шиносоии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо имконот ва заминаи моддиву таълимии Донишгоҳ баргузор гардид. Ба ин муносибат дар ошёнаи аввали бинои маъмурӣ намоиши дастовардҳои донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён ба маърази тамошои хонандагон гузошта шуда буд, ки ҳудуди 400 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Зимни тамошои намоиши дастовардҳо ба довталабон оид ба фаъолияти донишгоҳ ва факултетҳо варақаҳои маълумотиву тарғиботӣ  пешкаш карда шуд.

Пас аз намоиши дастовардҳо дар толори фарҳангии Донишгоҳ бо ҳамроҳии хонандагон Абдусамадзода Эраҷ- муовини ректори оид ба таълим, Худойдодова Шарофат- муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Рафиев Сафархон- муовини ректори оид ба илм ва инноватсия ва садорати  факултаҳо сӯҳбати озод намуданд.

Муовини ректори оид ба таълим- Абдусамадзода Эраҷ, зимни сухани ифтитоҳӣ ва муаррифии имконоту дастовардҳои муассисаи таълимӣ иброз доштанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ба шумор рафта, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳнамоии Вазорати маориф ва илм тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, баҳри баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорон, хоса омӯзгорони ҷавон, тақвияти зарфияти илмии муассиса, такмили барномаҳои таълимӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлоли давлатӣ миёни донишҷӯён иқдомҳои мушаххас руйи кор овардааст.

Донишгоҳ қабули довталабонро барои соли таҳсили 2024-2025 дар 10 факултет бо 61 ихтисос эълон менамояд. Бо интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ояндаи дурахшон Шуморо дар пеш аст.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, 8 марказ, аз ҷумла, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”, табъу нашр, рушди касбият, ихтироъкорони ҷавон, ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ, китобхонаи барҳаво, китобхонаи электронӣ пайваст бо интернети баландсуръат, маҷлисгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, варзишгоҳҳои тобистонаву зимистонаи мутобиқ ба талаботи муосир, Парки технологӣ, қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, лабораторияҳо, маркази касбомӯзӣ, литсей, Коллеҷи омӯзгорӣ, сомонаи расмӣ, нашрия, маҷаллаҳои илмӣ, лагери истироҳатӣ, кӯдакистон, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраки донишҷӯён, ошхонаҳои муосиру замонавӣ, марказҳои хизматрасонии компютерӣ буда, ба муҳассилин 625 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба, профессорон ва докторону номзадҳои илм таълим медиҳанд.

Донишгоҳ таҳсилро дар таълими рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти ғоибона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда, ҳамчунин, барои идомаи таҳсил баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда имконият муҳайё кардааст.

Маҳз фаъолияти густурдаву бисёрсолаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки бо қарори Ташкилоти байналмилалии сертификати сифати аврупоии Институти Шведсариягӣ (Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир) соҳиби Иҷозатнома (литсензия) ва Сертификати байналмилалии сифати Аврупо (Ҷоиза) гардид.

Дар донишгоҳ маҳфилҳои гуногуни илмӣ фаъолият менамоянд, ки донишҷуён бевосита аъзои онҳо буда, савияи дониши худро сайқал медиҳанд ва тавассути ин маҳфилҳо дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар донишгоҳ шуъбаи таёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, шуъбаи магистратура, докторантураи PhD фаъолият менамояд, ки дар омода намудани кадрҳо саҳми беназир дорад. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби омӯзгорон — хатмкунандагони донишгоҳ 34 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд”.

Сипас, Худойдодова Шарофат- муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Рафиев Сафархон- муовини ректор оид ба илм ва инноватсия суханронӣ намуда, ҳамаи хонандагонро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даъват намуданд ва интихоби довталабонро ба ин донишгоҳ тавсия намуданд.

Дар қисмати охир хонандагон ба роҳбарияти  Донишгоҳ саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment