Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

by admin
96 views

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни кормандон ва омӯзгорони факултетҳои Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди «Футболи хурд» ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.01.2024 то 24.01.2024 гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 10 даста, 1 даста аз аҳли кормандони раёсат ва 9 дастаи дигар аз ҳисоби кормандон ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок ва қуваозмоӣ намуданд.

Дар финали мусобиқа дастаҳои кормандони раёсат, факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ барои ишғоли ҷойи якум, факултетҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, омӯзгорӣ ва фарҳанг барои ишғоли ҷойи сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи кормандони раёсат, ҷойи дуюм насиби дастаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг гардид.

Бояд ёдовар шавем, ки мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди “Баскетбол” низ миёни дастаҳо баргузор мегардад.

Related Articles

Leave a Comment