Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢВАРЗИШ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

by admin
67 views

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ миёни кормандон ва омӯзгорони факултетҳои Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди «Волейбол» ба истиқболи 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2024  то 17.01.2014 гузаронида шуд.

Дар мусобиқа 11 даста, 1 даста аз аҳли кормандони раёсат  ва 10 дастаи дигар аз ҳисоби  кормандон ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок ва қуваозмоӣ намуданд.

Баъди баргузории рақобатҳо дар финали мусобиқа дастаҳои кормандони раёсат, факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ барои ишғоли ҷойи якум ва дуюм ва факултетҳои таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои баналмилалӣ ва молиявию иқтисодӣ барои ишғоли ҷойи сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа ҷойи якум насиби дастаи факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, ҷойи дуюм насиби дастаи кормандони раёсат ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ гардид.

Бояд ёдовар шавем, ки мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди “Баскетбол” ва “Футболи хурд” низ миёни дастаҳо баргузор мегардад.

Related Articles

Leave a Comment