Home ХАБАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ”

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АЗ ПЕШВО БИОМӮЗ ДАРСИ ВАТАНПАРАСТӢ”

by admin
73 views

“Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар таърихи 11 декабри соли равон дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва бисту нуҳумин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Аз Пешво биомӯз дарси ватанпарастӣ” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва ҳамчунин кормандони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — Искандаров Зайниддин Ҳамидович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати  прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоши миллии Тоҷикистон — Маҳмудов Изатулло Тешаевич ва  омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштан.

Ҳамоиши илмиро ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо сухани ифтитоҳи оғоз бахшида, меҳмонони гиромиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, зимни суханронӣ ҳозиринро бахшида ба 29-умин солгарди «Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» табрик ва муборакбод намуда, дар иҷрои вазифа ва уҳдадорӣ ва пешбурди корҳои илмӣ тадқиқотӣ барору комёбиҳо таманно намуд. Дар робита ба арҷгузорӣ ба талошу заҳматҳои алломаи машриқзамин таъкид намуданд, ки Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст. Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мебошад.

Сипас, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим дар мавзуи “Арҷ гузоштан ба бузургони миллат мояи ифтихор аст” ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Маҳмудов Изатулло дар мавзуи “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар раванди рушди тамаддуни башарӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Зимни суханронии самимонаву ватанхоҳона ва хирадмандонаву фарҳангпарварона иброз доштанд, ки асари “Тоҷикон”, воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор оварда ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу равон бахшид”.

Такя ба таърих ва донишҳои таърихӣ дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор гирифта, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои раҳбарӣ ва мудирияти сиёсӣ ибтикороти ҷиддидро дар заминаи  баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихӣ, донистани таърихи ватанӣ, эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ҷашну ойинҳои бумӣ ва таърихи миллӣ рӯйи даст гирифта, то имрӯз дар масири миллатсозӣ ва давлатмадории миллӣ гомҳои устувор бармедоранд.  Муҳимтар аз ҳама, донистани таърихи миллӣ ва неруманд сохтани хотираи таърихиро Сарвари давлат аз мушаххасоти калидии ҳувиятӣ медонанд. Вобаста ба ин, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари  давлат  ба  масъулини сохтору  мақомоти  марбута  дастур  доданд,  ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров  бо  теъдоду тиражи бузург нашр карда, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ройгон тақдим намоянд. Тақдими ройгони китоби “Тоҷикон” аз ҷониби раҳбарияти олии давлат ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ маънои қадршиносӣ ва эҳтиром ба миллат ва шахсиятҳои бузурги миллӣ дар мисоли аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Воқеан,  китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров шиносномаи миллати тоҷик аст ва мо-фарзандони миллат муваззафем, ки дар доираи ин китоби гаронарзиши миллӣ таърихи худро дуруст донем, ба шикасту нокомиҳо бо чашми ибрат бингарем, аз шебу фарози рӯзгор огоҳ шавем, аз таҷрибаи рӯзгор баҳраҳо бардорем, омӯзишу донистанҳоямонро барномарезиву дар амал татбиқ намоем ва билохира дар рушди ватану кишвари азизамон саҳми муносиб бигузорем.

Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ аз иқдоми навбатии фарҳангии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри асари безаволи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ёдовар шуда, иқдоми мазкурро тадбири хирадмандонаву бунёдгаронаи Сарвари хирадойину маърифатпарвари кишвар маънидод намуда, нақши онро дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии қишри ояндасози ҷомеа- насли наврасу ҷавон, омили бунёдӣ донистанд.

Related Articles

Leave a Comment