Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
33 views

Санаи 2-юми декабри соли 2023 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Қурбонзода Далер Қурбон дар мавзуи “Сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: равандҳо ва маханизмҳои татбиқ” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон котиби Шурои ҷамъиятӣ ва ҳамоҳангсозии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маҳмадизода Нозим Давлатмурод) баргузор гардид.

Дар муҳокима доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ  Назарзода Пиралӣ, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик Абдуллоев Маҳмуд, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ Азимов Хурсанд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Муродов Темур ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Назарзода Пиралӣ — доктори илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ  ва Пирназаров Эмомназар — мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Қурбонзода Далер Қурбон бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment