Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-НИШОНИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-НИШОНИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД

by admin
103 views

Ҳар як давлат ва миллат дар марҳилаҳои давлатдорӣ дорои арзиш ва муқаддасоти хосса мебошад. Дар кишвари азизи мо низ мувофиқи моддаи 3 Конститутсия Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои асосӣ ва муқаддасоти  давлат ба шумор мераванд. Ин зумраи муқаддасот нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ, давлати тоҷикон, тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон, аз љумла Парчами давлатӣ қабул карда шуд.

Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини меъмории сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар он арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллӣ дар ҳар ранги он ифода ёфтааст. Рахи болоии парчам, ки аз ранги сурх иборат мебошад, он рамзи зафар ва қудрату тавонмандии давлат мебошад. Миллати тоҷик дар давоми таърихи мавҷудияти худ зарфияти миллиро ҳифз намуда, дар муддати соҳибистиқлолӣ онро тақвият додааст. Маҳз ҳамин тавонманди миллати тоҷик, ки решаҳои таърихӣ дорад дар ранги сурх инъикос гаштааст.

Ранги сафед-ифодагари сулҳу осоиштагӣ ва дӯстию бародарӣ мебошад. Миллати сулпарвари тоҷик дар таърихи давлатдории худ бо тамоми халқу миллатҳо муносибати дӯстона дошта, имрӯз низ баҳри ҳифзи сулҳу салоҳ дар кишварҳои минтақа талош меварзад. Таъмини сиёсати сулҳҷӯёна яке аз ҳадафҳои асоси ҳукумати мамлакат ба шумор рафта мардуми тоҷик пайваста ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ талош меварзанд. Миллати тоҷик, ки аз қадим мардуми сулҳофар буданд, имрӯз саодати бузурге насиб гаштааст, то дар фазои амнияту осоиштагӣ зиндагӣ намоянд ва ранги сафед низ нишон аз хӯшбахтии мардуми тамаддунофари тоҷик мебошад.

Ранги сабз-рамзи сарсабзӣ ва рӯшду инкишоф аст. Дар ин ранг хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва заминаҳои инкишофи иқтисоди мамлакат ифода гаштааст. Ин ранг дар ҳавзаи фарҳанги миллии мо ҷойгоҳи хосе дошта ҳамчун рамзи оромӣ, шодмонӣ ва дар иду ҷашнвораҳо ҳамчун пайки сарсабзи маъмул аст.

Дар рӯйи ранги сафед, яъне дар маркази матои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора тасвир шудааст. Ин тасвир нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик мебошад. Бояд тазакур дод, ки фарҳанг ва тавонмандии миллати тоҷик аз давлатдории онҳо дар давоми таърих сарчашма гирифта, дар ниҳоят он дар парчами миллӣ бо тасвири тоҷ ва ситораҳо ифода гаштааст.

Парчами давлатӣ аз зумраи муқаддасоти миллӣ ва мероси ниҳоят ғанист, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст. Ҳамзамон, ин рамзи миллӣ-омили нангу номуси ватандорӣ буда, мардуми моро муттаҳид карда, аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Тоҷикон тавонистанд дар асоси сарчашмаҳои муътамади  таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ ба ҷаҳониён симои хешро бори дигар муаррифӣ карда, насли наву созандаи миллатро ба ҷодаи аз худ кардани таърих ва осори гузаштаи халқамон, раҳнамоӣ ва ҳидоят намоянд.

Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омада истодааст. Қабули парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозидааст. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созанда мебахшад.

Дар робита ба ин моро мебояд имрӯз ва ҳама рӯз аз Парчами миллии худ ифтихори комил дошта бошем, бо азму иродаи созанда дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии худро ҷовидона нигоҳ дорем, эҳтироми онро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ ва истиқлолият ба ҷо орем, мақому манзалат ва нақшу эътибори онро ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ба фарзандон ва умуман кулли ҷомеа талқин намоем.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар  қалби  ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Саидова МАЛИКА, муаллимаи калони кафедраи химия ва методикаи таълими они факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment