Home СОХТОР ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ ДАҲШАТНОКУ НАФРАТОВАР

ЭКСТРЕМИЗМ ЗУҲУРОТИ ДАҲШАТНОКУ НАФРАТОВАР

by admin
44 views

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле ташвишовар боқи монда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба давлати мо низ расидааст.

Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террориста манфиатдор дониста мешаванд. Имруз олами ислом ба қатлу куштор, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст.

Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намудаанд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷонии ҳар як сокини сайёра аст.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд.

Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бархе аз шаҳрвандон ба равияҳои экстримистӣ шомил шуда, дигар шаҳрвандонро ба чунин гурӯҳҳои ғайриқонунии амалкунанда даъват намуда, ақидаҳои ислом бо фармудаҳои чунин равияҳо, ки дар асл бо ҳамдигар аз бисёр ҷиҳатҳо мухолифанд, мекӯшанд мафкураи мардумро бар зидди асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти давлат нигаронанд.

Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстримизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст.

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зурӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона ва аз байн рафтани низоми давлатдории як қатор кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстримизм вазъи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳануз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстримизм ва терроризмро аз capгузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳхои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.

Мақомоти қудратии кишвар барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад.

Таҷриба инчунин нишон дод, ки шомилшавии бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористию экстримистӣ фаро гирифтан ба таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар сарчашма мегирад.

Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад, чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва руҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои ёфтани ҷавоб ба саволҳои норавшании динӣ ба руҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернет рӯй оврада, ба доми таблиғоти созмонҳои экстримистӣ меафтанд. Ин мубаллиғ муқаррароти Қуръони маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар “Ҷиҳод” даъват менамоянд.

Тавре, ки Шумо воқиф ҳастед, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат дода, имрӯз дар Тоҷикистон барои шаҳрвандон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи талаботҳои он ҳаёти ҷамъиятӣ дар кишварамон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбанд.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи диннӣ, ҳаракат ё гурӯҳе наметавонад, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баъзе маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамояд, ки онҳо дар доираи меъёрҳои Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ мегардад.

Мувофиқи моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё бо роҳи зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшаваии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рузгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Масалан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинов Исломиддин Мирзомиддинович, зодаи шаҳри Панҷакент, таълимоти диниро дар айёми хурди омӯхта соли 2008 расман аъзои равняи экстремистии динии «Ҷамоати таблиғ» шуда, ҳамчун пайрави ин ҷамоат ба минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, ба даъват ва таблиғ машғул шудааст, ки барои ин кирдораш бо ҳукми Коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, нисбташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 3 сол таъйин гардида соли 2012 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф» аз ҷавобгарии ҷинояти озод шуда, аз ин бо худ хулосаи зарурӣ набароварда, дидаю дониста даст ба содир намудани ҷинояти вазнин дар ҳолати зерин задааст.

Чунончи ӯ пас аз колонияи ислоҳӣ озод шуданаш, аз ақидаи ифротгаронаи худ даст накашида, то имрӯз дар фаъолияти ташкилоти экстремиста «Ҷамоати таблиғ», ки фаъолияти он аз ҷониби Суди Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 30 марта соли 2006 бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремиста манъ карда шудааст, ҳамчун аъзо фаъолона ақидаҳои ифротгаронаи худро таблиғ намуда, ақидаҳои равняи динии ин ташкилоти экстремистиро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ намуда, бо чунин тарзу усул дигар шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда бо ин роҳ мехост тарафдорони ин ташкилоти экстремистии ба ном «Ҷамоати таблиғ»-ро зиёд ва дар ин замна доираи фаъолияти ин ташкилоти экстремистиро васеъ намуда дар ниҳояти кор, ки мақсад аз барангехтани кинаю адовати дини мазҳаби буда, мухолифи мазҳаби Ҳанафӣ мебошад, мусоидат намудааст, ки барои ин кирдори ҷинояткоронааш бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ба муҳлати 6 сол аз озоди маҳрум карда шудааст.

Дар замони муосир сафи ҷангҷуёну низомиёни гурӯҳҳои террористию экстремиста аз ҳисоби чунин ҷавонони ноогоҳу гумроҳ зиёд меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна ҷавонони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кушишро ба харҷ диҳем, то ки ин Ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигох дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғибу некиву накӯкорист.

Раҳматулло  ҲАБИБОВИЧ, прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1

Related Articles

Leave a Comment