Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
66 views

Санаи 20-уми сентябр дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ мизи мудаввар бахшида ба бузургдошт ва таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ  таҳти унвони «Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳасанова Фарзона, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Муҳаммадҷони Абдувоҳид, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ табрику таҳният намуданд.

Сипас муаллима Ҳасанова Фарзона дар мавзуи “Нахустин ғазалро Рӯдакӣ гуфтааст” ва Муҳаммадҷони Абдувоҳид дар мавзуи “Рӯдакӣ эҳёгарии шеъри  тоҷикӣ-форсӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир миёни иштирокчиёни мизи мудаввар саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment