Home ХАБАР РОҲПАЙМОИИ СОКИНОН БАХШИДА БА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

РОҲПАЙМОИИ СОКИНОН БАХШИДА БА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
50 views

Субҳи 9-уми сентябр бо шукургузори аз фазои сулҳу оромии кишвар бахшида ба 32 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз кӯчаи Исмоилӣ Сомонӣ то кӯчаи Сангак Сафаров баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии мазкур зиёда аз 2500 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, омӯзгорон аз ҷумла омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, табибон, деҳқонон, соҳибкорон, донишҷӯён, кӯдакону наврасон бо як шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол аз истиқлоли Ватан намуда, дар дастон шиору овезаҳо, ки таранумгари ваҳдати сартосари мебошанд роҳ ба макони баргузории чорабинӣ намуданд.

Аз чеҳраи хурду бузург эҳсос мегардид, ки имрӯз миллати тоҷик бо пуштибони аз сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки имрӯз чунин як давлати ободу осуда дорем.

Related Articles

Leave a Comment