Home ХАБАР ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
51 views

Ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Кӯлоб маросими бошукуҳи идона баргузор гардид, ки сокинону меҳмонон бо рӯҳияи болидаву ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дидан менамуданд.

Маросими идонаи “Файзи Истиқлол” аз намоиши дастовардҳои илмиву фарҳангии мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб ҳусни оғоз ёфта, меҳмонон аз маҳсули эҷодии адибон, расомон ва варзишгарон  ошноӣ пайдо намуданд.

Баъди намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар Қасри фарҳангӣ  шаҳри Кӯлоб маросими расмии бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр меҳмонону сокинонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб бо шукргузорӣ из сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонӣ ва рушду нумӯи Ватани азизро вазифаи муқаддаси хеш дониста, баҳри ҳифзи арзишҳои муқаддас, таъмини осоиштагӣ ва суботи амнияти ҷомеа ҳамеша омода мебошанд. Саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи кишвар ва азму талош ҷиҳати рӯи даст гирифтани ташаббусҳои созандаву ояндасоз аз ҷониби сокинони ватандӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб далели садоқату самимияти мардум нисбат ба Пешвои муаззами миллат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар идомаи маросими расмии бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳачунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз дастовардҳои меҳнатии заҳматкашони шаҳри Кӯлоб солҳои соҳибистиқлолии кишварро муҳимтарин даврони рушду ободонии ин гӯшаи диёр арзёбӣ дошт. Мавсуф, бо қаноатмандӣ аз саъю талоши сокинони меҳандӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб дар самти ободонӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ, қайд намуд, ки татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид ва дар умум таъмини зиндагии шоистаи мардум мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.

Сипас, Рустамов Шарофиддин, мудири бахши Раёсати тандурустии дар минтақаи Кӯлоб ва Абдуллоев Маҳмуд, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сокинони шаҳри Кӯлобро ба фарорасии ҷашни пуршукуҳи Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар идомаи маросими тантанавӣ меҳмонони расмӣ якчанд нафар фаъолони шаҳри бостонии Кӯлобро ба медали “Хизмати шоиста”,  Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон ва Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз намуданд.

Дар қисмати охир барномаи аҳли фарҳанг ва ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳамин тавр, ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар як сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ  ва фарҳангӣ баргузор гардид,  ки лаҳзаҳои фараҳбахши он дар хотироти иштирокчиён нақш хоҳад баст.

Related Articles

Leave a Comment