Home ХАБАР ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

by admin
102 views
8 — уми сентябри соли 2023 дар маркази шаҳри Кӯлоб паради ҳарбӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Дар гузашти ҳарбӣ ҷузъу томҳои Гарнизони шаҳри Кӯлоб, Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Коллеҷи милитсияии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, захираҳои сафарбарӣ ва донишҷӯёни кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ саф оростанд.
Гузашти ҳарбӣ бо суханронии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз ёфт. Зимни суханронии хеш раиси шаҳр кулли сокинони шарафманди ҷумҳуриро бо фарорасии санаи таърихии 32-солагии Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори пурфайзу баракат, саодати хонаводагӣ ва комёбиву хушбахтӣ орзу намуданд.
Пас аз анҷоми сухани табрикотии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ, кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ сурат гириф.
Бояд қайд кард, ки дар ин паради ҳарбӣ иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ назарас буд.

Related Articles

Leave a Comment