Home ХАБАР ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ

by admin
128 views

Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, муовини ректор оид баилм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, дотсен Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи дониш табрик гуфт. Инчунин, қайд кард, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат моро муваззаф менамояд, ки дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ тарбия намудани шогирдон кӯшиши бештар намоем.

Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлобро ба ҳозирин расониданд ва аҳли раёсатро бахшида ба Рӯзи дониш муборакбод гуфтанд. Қайд карданд, ки ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ моро водор менамояд, ки шогирдонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ тарбия намоем. Инчунин, аз дастгириҳои раиси шаҳри Кӯлоб ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз муваффақиятҳои бадастовардаи маорифчиёни шаҳр ҳарф зад.

Сипас, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба тамошои Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки Пешвои миллат баргузор шуда истодааст, машғул шуданд.

Related Articles

Leave a Comment