Аз санаи 26.04.2023 дар доираи лоиҳаи «Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамии инклюзивӣ», ки аз тарафи ташкилоти Good Neighbors International дар Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо татбиқ гардида истодааст, барои 20 донишҷӯёни донишгоҳ омӯзиш оид ба фарогирии рақамгузории пешрафта «Эҷоди вебсайт, маркетинги электронӣ ва тиҷорати электронӣ» баргузор гардида истодааст.
Лоиҳаи мазкур самтҳои афзалиятноки рушдро бо мақсади дар амал татбиқ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба нақша гирифтааст.