Home ХАБАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ШАҲРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ШАҲРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
146 views
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳамаҷониба ва самаранок истифода намудани имкониятҳои истеҳсолӣ, ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ, тақвият бахшидан ба сифати молу хизматрасонӣ, кам намудани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту самараноки захираҳо, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда истодааст. Зеро фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва фароҳамсозандаи ҳаёти босаодати мардум, инчунин заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Роҷеъ ба ин масъала имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии шаҳрӣ дар мавзуи “Соҳибкорӣ ҳамчун омили рушди иқтисодии миллӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи “СОҲИБКОРОН” баргузор гардид.
Дар конфронс Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, Расулова Лутфия, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети иқтисод ва идора, Мирзов Қурбоналӣ, сардори Раёсати таълим, Ҳакимов Абдуразоқ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Сафаров Мунир, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Умарзода Сино, нозир референти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, Ҳакимов Абдуразоқ конференсияро оғоз намуданд. Сипас, дотсент Расулова Лутфия дар мавзуи “Баррасии баъзе масъалаҳои соҳибкорӣ аз Паёми Пешвои миллат”, Умарзода Сино дар мавзуи “Нақши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар рушди соҳибкории шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб”, Ғуломов Зикрулло, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Соҳибкории тиҷоратӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ” ва Қурбонов Некрӯз, докторанти PhD-и курси дуюми ихтисоси иқтисодиёти назди кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзуи “Рушди боғҳои интенсивӣ: мушкилот ва дурнамо” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокими омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment