Home ХАБАР ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

by admin
112 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар бахусус наврасону ҷавонон дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шумор меравад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Озмун дар чор давр ва аз рӯи панҷ номинатсия баргузор мегардад.
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар озмун Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия, Абдусамадзода Эраҷ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Холиқова Зайналбӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Зулфиев Гадомад, дотсент, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ¬-педагогӣ, Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмун зиёда аз 25 нафар донишҷӯ аз рӯи чор номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва эҷоди назму наср ширкат намуда, 13 нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.

Related Articles

Leave a Comment