Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ШАҲРИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ШАҲРИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

by admin
209 views
Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.
Дар ин росто санаи 28-уми апрели соли равон роҷеъ ба ин масъалаи мубрам дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология конфронси шаҳрии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Пиряхҳо манбаи обҳои ширин дар сайёра” бахшида ба эълон гардидани Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултети химия ва биология, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исупов Дилшод, омӯзгорони коллеҷҳои шаҳр ва дигар профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ҷаласаи ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуд.
Баъдан ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, аҳли нишастро шодбош гуфтанд ва ҳамзамон қайд доштанд: “Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст”.
Сипас Холиқов Сафар, номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзуи “Об-муъҷизаи бебаҳои сайёраи замин”, Ҷумаева Шамсия, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Тайяние ледников причины и последьствия” ва Ҳасанов Алихон, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он дар мавзуи “Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо” маърӯзаҳои худро ироа карданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳи аз ҷониби омӯзгорони кафедраи химия ва методикаи таълими он якчанд таҷрибаҳои химиявӣ нишон дода шуд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар бахши биология идома ёфт.
Бояд қайд кард, ки дар ҳақиқат баргузории чунин конфронсҳо метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.

Related Articles

Leave a Comment