Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
38 views

Санаи 11.01.2024 дар  факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи математика ва методикаи таълими он- Бажова Малика Амирулоевна, дар мавзуи “Асосҳои методии фардигардонии таълими элементҳои анализи математикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”  таҳти роҳбарии илмии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон- Нугмонов Мансур, баргузор гардид.

Дар кори муҳокима Ғуломов Ислом-профессори кафедраи математика ва методикаи таълими он, Сатторов Абдурасул-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Комилӣ Абдулҳай-профессори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Болтаев М.А. — номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳ, Сироҷиддини Давлаталӣ, дотсент мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима муқарризон: Парвинаи Усмон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо ва Ниёзов Ҷонмуҳаммад, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба рисолаи мазкур баён карданд ва тавсияву  пешниҳодҳои худро ҷиҳати пешбарии рисола ба марҳилаҳои дигар ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй- Бажова Малика Амирулоевна, бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои назаррасро таманно менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment