Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД

by admin
131 views

Санаи 27- уми апрел дар майдончаи варзишии  факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси амалии муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, Ширинҷон Сафаров дар мавзуи «Омӯзиш ва шиносои донишҷӯёни курсҳои якум бо автомати Калашников  ва ба қисмҳо ҷудо кардани он» баргузор гардид.

Дар дарс муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, сардори раёсати таълими донишгоҳ Мирзоев Қурбоналӣ, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ, генерал Азимов Раҷабалӣ, ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Нахуст дарсро саромӯзгор Ширинҷон Сафаров оғоз намуда, доир ба мавзуи дарс, ки ки “Омӯзиш ва шиносои донишҷӯёни курсои якум бо автомати Калашников  ва ба қисмҳо ҷудо кардани он” унвон гирифта буд баромад намуданд. Ҳамзамон, донишҷӯён ба қисмҳо ҷудо кардани автомати Калашников ва бо ҳам гузоштани онро аз худ намуда, онро дар амал иҷро карданд.

Дар охир Холиқзода Айниддин муовини ректор оид ба таълим баромад намуда, дарси устодро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment