Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ОН

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ОН

by admin
137 views
Санаи 28-уми апрел дар кафедраи математика ва методикаи таълими они факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар мудири кафедра, номзади илмҳои педагогӣ ва математика Ниёзов Ҷонмаҳмад, муаллими калони кафедра Имомов Зафар, ассистентон Сатторов Қобилҷон ва Ҳусайнов Руҳулло ва дигар омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.
Нахуст мудири кафедра Ниёзов Ҷонмаҳмад суханронӣ намуда, семинарро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас муаллими калони кафедра Имомов Зафар дар мавзуи «Гурӯҳи сиклӣ. Гурӯҳи гузоришҳо» ва ассистенти кафедра Сатторов Қобилҷон дар мавзуи «Асосҳои методии тайёрии касбии донишҷӯёни самти математика дар муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ» маърӯзаҳои худробаромаднамуданд.
Дар охир атрофи мавзуи мазкур миёни омӯзгорон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment