Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

by admin
111 views

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Хушбахтона, соли 3-ум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар сартосари кишвари маҳбубамон гузаронида мешавад.

Соли 2023 бори аввал озмун миёни хонандагони муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин, шумораи ҷойҳои ифтихорӣ 42 адад зиёд гардида, миқдори умумии онҳо 132 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни мазкур ҳамасола дар донишгоҳ гузаронида мешавад.

Санаи 6-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки ноибони ректор ва деканону мудирони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳайати комиссияи озмун аз шахсони мазкур: Абдулазизов Абдулҳаким, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Каримова Назокат, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Сироҷиддини Давлаталӣ, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Ғаффоров Саттор, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, Акрамова Рухшона, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Парвинаи Усмон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Сафаров Сайтоҷиддин, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Холиқов Сафар, номзади илмҳои химия, дотсент, Исуфов Дилшод, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, Уроқов Мирзомурод, номзади илмҳои педагогӣ, Гадоев Шералӣ, номзади илмҳои география, дотсент иборат буд.

Нахуст ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, ба  кори озмун барору комёбиҳо таманно намуданд.

Сипас озмун дар бахшҳо идома ёфта, аз рӯйи 6 номинатсия:  математика, физика ва астрономия, химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар даври аввали озмун зиёда аз 130 нафар донишҷӯён иштирок намуда, аз ин шумора 78 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд. Дар даври донишгоҳӣ иштирокчиён малакаю маҳорат ва донишҳои худро нишон дода, 35 нафарашон ба даврӣ шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки барои ғолибони даври чоруми озмун 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 740 000 (як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор) бештар мебошад.

Related Articles

Leave a Comment