Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР

ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР

by admin
153 views

Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва падидаи номатлубе, ки дар тамоми ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад,  терроризм дар ниқоби ислом ном гирифтааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи имрӯза гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки экстремизм ва терроризм мафҳумҳоеанд, ки имрӯз вирди забони ҳамагон гардидааст ва ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи «terror» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» андохтан аст. Террористон мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро бо роҳҳои зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, яъне ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Чи хеле ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ ишора шуда буд, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва xонаи ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи чиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгароию ифротӣ албата доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ки ин ҳам аз якчанд омилҳои манфӣ вобастагӣ дорад. Беаҳамиятӣ зоҳир намудани волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, муҳити носолиме, ки ба шуур ва рӯҳу равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, инчунин, муносибат доштан бо ҷавононе, ки аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз фарҳанги пурғановати ниёгони мо дур ҳастанд. Инҳо яке аз омилҳое мебошанд, ки ба дохилшавии ин қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ замина мегузорад.

Мутаасифона, ин падидаи номатлуб дар ҷумҳурии мо дар байни бархе аз ҷавонон тарафдорони худро пайдо кардааст.

Боиси нигаронист, ки бархе аз ин ҷавонони раҳгумзада падару модар, ҳамсару фарзандон ва дигар наздиконашонро дар ғурбат гузошта, худ ба кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ва Миср ворид шуда, ба ин васила xонаи худ ва дигаронро дар хатар мегузоранд.

Арзишҳои чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкори зиддимилливу мардумбадбинӣ фаро мегирад.

Мо ҷавонон бояд шукургузор аз он бошем, ки дар чунин давлати соҳибистиқлолу демократӣ озодона умр ба сар мебарем. Чи хеле ки дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ қайд намуданд: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳнию ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шуданд. Аз ин ру, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем».

Албата мо ҷавононро мебояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ нагардем. Илмҳои ҷадиди ҷаҳони муосирро, яъне техникаю технологияро аз худ намуда, дар ташаккули соҳаҳои мухталифи давлату ҳукумат саҳмгузор бошем.

Саидчон АКИМОВ, донишҷӯи бахши 4-уми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment