Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БАДХОҲОН ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

БАДХОҲОН ҲЕҶ ВАҚТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

by admin
138 views
Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Боко-Ҳарам”, “ДИИШ” ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин гурӯҳи экстремистиву террористи бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (Тибқи қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 ин ҳизб созмони террористӣ эълон гардид ва фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ карда шуд) фаъолият мекард.
Дар воқеъ, тамоми амалкард ва фаъолияти террористии ҲНИТ аз оғоз то кунун шабеҳи фаъолияти созмонҳои террористии олам аст ва аз ин рӯ бояд шаҳрвандони мамлакат инро хуб бидонанд. Мардуми тоҷик аз дасти ҳизби террористии наҳзати исломӣ азобу машаққати зиёде кашидааст. Халқи тоҷик маҳз дар пайи иғво ва дасисабозиҳои ҳизби террористии наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта бехонаву дар ва аз Ватан фирор намуданд. Тамоми бадбахтӣ ва сарсониву саргардониҳои миллати тоҷик дар солҳои 90-ум маҳз аз пушти роҳбарияти манфиатҷуву хиёнаткор ва ватанфурӯш бо номи Муҳиддин Кабирӣ ба вуҷуд омадааст.
Айни замон роҳбари ин ҳизби террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кадом як кишвари хориҷӣ умр ба сар мебарад ба уҳда дорад. Ин шахси хоини боз шарм накарда алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон суханҳои дур аз ҳақиқат, дурӯғ ва пур аз туҳматро мегӯяд. Ин ватанфурӯши хиёнаткор аз амалҳои ноҷавонмардонаи худ нисбат ба давлату миллати хеш нашармида боз даъвои миллату давлатдлорӣ мекунад.
Дар ин росто, ҷоизи зикр аст, ки аллакай якчанд кишварҳои Аврупоӣ низ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун ба қатори созмонҳои террористии олам эътироф намуданд.
Як қатор кишварҳои аврупоӣ аллакай симои аслии ҳизби террористии наҳзати исломиро шинохтаанд.
Мутмаин ҳастем, ки дар наздиктарин фурсат кулли олам симои аслии ҳизби террористии наҳзати исломиро хоҳад шинохт ва онро онро дар қатори созмонҳои террористии олам қарор хоҳад дод.
Мардуми тоҷик дигар ҳаргиз ба фиребу найранг ва дуруғҳои ин ҳизби террористӣ бовар нахоҳад кард ва то лаҳзаи охирин бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза хоҳад бурд.
Маврид ба зикр аст, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлол расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо, воқеан ҳам метавон давлати муқтадиру тавоно бунёд кард ва ин мамлакатро боз ҳам машҳуртар ва пуриқтидортар мекунад аз ҳама чиҳат.
Тошматов УМАРҶОН, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment