Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ РУС

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ РУС

by admin
97 views
Имрӯз дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси имӣ-назариявӣ дар мавзуи «Парчами Тоҷикистон–рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асоева Комилахон, муаллими калони кафедраи забони муосири рус Сайдамирова Клара, муаллимаи калони кафедраи забони русии муосир, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Зарина ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Баъдан декани факултет, дотсент Шарипова Одинамо суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро бахшида ба ин ҷашни давлатӣ самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуданд.
Сипас, Салихова Лутфия, дар мавзуи “Парчами миллӣ-рамзи Истиқлол” баромад карданд.
Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯёни факултет шеъру таронаҳо, саҳнаҳои тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчам манзури ҳозирин гардонида шуд.
Конфронси имӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Парчамро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ ба тамоми шаҳвардони мамлакат сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.

Related Articles

Leave a Comment