Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАРЗҲОИ ЭРОН ВА ТУРОН ДАР «ШОҲНОМА»

МАРЗҲОИ ЭРОН ВА ТУРОН ДАР «ШОҲНОМА»

by admin
330 views
Ғолибан пажӯҳишгарон барои исботи далелҳои дар кадом густара ҷойгир будани Турон ба нигоштаҳои таърихнигорони бостон, чун Ҳеродот, Страбон, Мусо Хуранӣ (Мовсес Хоренатси), ёдкардҳо аз «Худойномак», «Гаршосбнома», «Осор – ул – боқия», «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Гардезӣ», «Шоҳнома» рӯ оварда, ба натиҷаҳои гуногун ва дар бисёре аз мавридҳо, ба ҳам мухолиф расидаанд. Иддае аз онҳо ҷойгоҳи зисти турониёнро дар ғарби Ҳарирӯд, бархе дар миёни Кобулистону Зобулистон то Сиистон, дигаре дар Балучистон, чанде аз эшон байни рӯдҳои Омӯ ва Сир, яъне Варорӯд (Мовароуннаҳр), дигарон дар фаросӯи рӯди Сир ва кӯли Арал то соҳили баҳри Сиёҳ ва ҳатто дар ҳудуди марзҳои Озарбойҷон ва Арманистони кунунӣ донистаанд. Доноёни баста ба кундукови саргузашти ориёиҳо дар бозшинохти қабилаҳои сокини сарзамини Турон низ ба натиҷаи ягона нарасида, бархе Туронро ҷойгоҳи зисти сакоиҳо, сарматҳо, масагетҳо, тахориҳо, олонҳо, осҳо гуморида бошанд, дигарон паҳнаи Туронро зодбуми бостонии тоҷикон пиндоштаанд. Донишманди пуркори тоҷик, Муҳтарам Ҳотам, дар ҷараёни таҳлили дарёфтҳои бостоншиносон, рӯи китоби пурарзиши хеш, зери номи «Эрони гумшуда», натиҷагирӣ кардааст, ки шумори зиёди номҳои ҷуғрофиёии (ҷойномҳои — топонимҳои) Эрони имрӯзин баргирифта аз номи зистгоҳҳои аждодони эронитаборон, аз Ориёнвиҷи дар Вароруд қарор дошта, мебошанд. Яъне ориёиҳо аз фарози кӯҳҳои Помир, Фарғона ва дигар зистгоҳҳои Варорӯд ба паҳнаи имрӯзи Эрон сарозер шуда, ба ёди сарзамини тарк кардаи хеш, бошишгоҳҳои навинашонро номҳои ориёӣ гузоштанд. Ин дарёфтҳо арзиши баланд дошта, усулан гузаштаи нахустмеҳани ориёиёнро бознамоёндаанд.
Аммо дар пайи ин ҷусторҳо мо нигоҳи худро бештар ба пайвастагии тоҷикон ба кишвари Турони бостон барафканда, биниши дигаргунеро бар пояи розҳои дар «Шоҳнома» нуҳуфта пешниҳод хоҳем дошт ва дар ин ҷо ба ҳеҷ кадом аз он мақолаву китобҳо коре надорем. Ҳамзамон дар мавриди дуруст будани дурии турониён аз табори тоҷикон нигари хонанда ба дарёфтҳои пурмояи донишмандони доно, аз ҷумла донишманди фарҳехта, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ равона мегардад.
Пас аз мутолиа ва таҳлили ҷусторҳои ҷӯяндагони марзҳои Эрон ва Турон, ба назари мо чунин менамояд, ки биниши онҳоро усулан метавон ба чунин натиҷагириҳои ба ҳам мухолиф фасл кард;
Нахуст, Турон сарзамини эронитаборони кӯчии саҳронавард буда, турониён бинобар напазируфтани шеваи зиндагии деҳнишиниву шаҳрнишинӣ, барои чираманд гаштан ба алафчарҳои обшори Эрон, бо юришу тохтутозҳои худ ҳамвора ободиҳоро вайрон мекарданду деҳнишинонро ба бардагӣ мебурданд. Бад – ин тартиб:
— Рӯди Омӯ марзҳои Эрон ва Туронро муайян мекардааст. (Ба якборагӣ бояд гуфт, ки ин пиндор касро вомедорад бар он гумони тираву хира бошад, ки сарзаминҳои имрӯзини Эрон ва Афғонистон ҷузви Эрон, аммо Варорӯд – Осиёи Миёна бахше аз Турон будааст ва аз ин рӯ беш аз нисфи қавми тоҷик дар Эрон ва нисфи дигараш дар Турон зистгоҳ дошта будааст.)— Сарзамини Вароруд (Осиёи Миёна, арабиаш Мовароуннаҳр) дар замони дур, Турон ном дошта, дар баробари суғдиҳо, бештар ҷойгоҳи сакоиҳо будааст.
Дуввум, Эрониёну турониён ҳамнажоданд ва марзҳои Турон аз фаросӯи рӯди Сир ибтидо гирифта, сарзаминҳои имрӯзини Қазоқистон, шимоли Каспий (Хазар), Сибирияи ҷануби шарқӣ ва Уралро дарбар мегирифт. (Дарёфтагони ин андеша Рене Гроссе — ховаршинос ва туркшиноси барҷастаи Фаронса, Фаридун Ҷунайдӣ, Муҳаммадамин Риёҳӣ, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ — фарҳехтагони Эрон, Юсуфшоҳ Яъқуб, Сафар Абдулло, Муҳтарам Ҳотам, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ – Тоҷикистон мебошанд.)
Ҷойи гуфтан аст, ки бинобар сабаби ҳечу пӯчу бемояву бепоя будани иддаои бархе таърихнигорони туркгумон ва як силсила пажӯҳишгарони русиву шӯравӣ пантуронистону пантуркистони кишварҳои бартарихоҳи туркманиш, ки ҷойноми (топоними) «Турон» — ро ба вожаи «турк» нисбат медиҳанд ва Турони хаёлиро маҳди падарони худ медонанд, дар маврид овардани ҳар гуфтаниеро, ёвагӯйӣ ва дареғ дониста, дар ин навиштор бештар ба шиносномаи эронитаборон, «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ рӯ меоварам. Дар нигари мо «Шоҳнома», аз рӯи биниши адабиётшиносии аврупоиву русӣ, шоҳкори таърихи – бадеӣ (художественно – историческая эпопея) мебошад, ки усулан дар чунин асарҳо ҳама воқеъаҳои таърихӣ айнан бозгӯ нашуда, нигоранда ҳадафу ормонҳои худро бо ороишҳову пироишҳои бадеӣ, бо бозтоби саҳнаҳои ҷолибу дилчасп баён мекунад. Фирдавсии бузургвор дар шоҳкори худ таърихи беш аз ҳашт ҳазорсолаи мардумони эронитаборро ба қалам оварда, пеши худ вазифа нагузоштааст, то ин таърихи дарозро пайдарҳам, ба сони хронологӣ бозгӯ намояд. Ҳакими Тӯс замонро ба ихтиёри худ гирифта, гаҳе онро шикастааст, гаҳе як замони тӯлониро шоистаи ёдоварӣ надонистааст, замони дигареро ба дарозо кашида, аз пиндори воқеъият берун ва гаҳе афсонагун сохтааст. Бад – он гуна ки таърихи садсолаҳои сулолаи ҳахоманишиён ва ашкониёнро барои тасвир раво надида, замони подшоҳии Ҷамшедро ҳафтсад сол тахмин задааст. Ва ба таъкид ёдовар шудааст, ки «ту инро дурӯғу фасона мадон» ва «ба раҳи рамз маънӣ бибар». Ҳадафи 700 сол нишон додани подшоҳии Ҷамшед, бознамоёндани ҳазорсолаи тамаддунофаринии эронитаборон буд; аз кашфи оташ, либоспӯшӣ ва пизишкиву «зи кӯҳ оҳану аз санг гавҳар берун овардан», то талоши ба осмон парвоз кардани эрониҳои фарҳанговар. (Дар намоди шоҳ Ковус)
Ҳаким Фирдавсӣ бар пояи таърихи воқеъии мардуми тоҷиктабор, дастуре эҷод кардааст, ҳовии ёдкарди гузаштаи пурифтихори ин мардум, ки шаҳрсозу бунёдкор буданд, бар хилофи душманони ғаддори он, ба шумули турку тозиву румӣ, ки бо тохтутозҳои пайвастаи худ ободиҳоро вайрон карда, дар пайкор барои аз байн бурдани ҳувияти ориёӣ – тоҷикии онҳо мебошанд. Дар рӯзгори Фирдавсӣ таҳдиди туркон на танҳо ба марзҳои Эрон, балки хатари рабудани ҳувияти миллии мардумони эронитабор сахт дар миён буда, ин мавзӯъро ҳама донишиёни нангманд, сарнавиштсоз медонистанд. Замоне буд, ки набераҳои Исмоили Сомонӣ қудратро ба дасти туркони сабуктегинӣ ва қарахонӣ дода буданд ва бо таҳрику ҷонибдории халифаҳои Бағдод қарахониҳо, «тагинон» (туркони дар Ғазна такя зада) ва ғузон ба Варорӯду Хуросон роҳ ёфта буданд.
Бархе донишпажӯҳон, бо назардошти ин воқеъияти таърихӣ гумон бурданд, ки аз рӯи дарнарафтан ба сарнавишти турониён ва он рӯзгорон дар Варорӯд ривоҷ ёфтани забони туркӣ, Ҳаким Фирдавсӣ пиндоштааст, ки турониёну туркон аз як решаву нажоданд. Чунин гумонро мутаассифона донишманди тавоно, Иноятуллоҳ Ризо бо суханони зер баён кардааст: «Дар бораи турониён бояд гуфт, ки Фирдавсӣ рӯзгори худро маллоки доварӣ қарор додааст. Дар рӯзгори Фирдавсӣ ғузон ва қипчоқҳо, ки аз қабоили туркзкбон буданд, дар Мовароуннаҳр саканӣ (зистгоҳ) доштанд. Пеш аз он низ туркон дар аҳди сосониён ва нимаи дуввуми садаи шашуми мелодӣ, ба ин сарзамин раҳ ёфта буданд ва мардуми Суғду Хоразмро тобеъи худ карда буданд. Чун ҷуз аз сарзаминҳои порсизабонони аҳди сомонӣ дар даштҳои Осиёи Миёна забони туркӣ низ ривоҷ ёфта буд, Фирдавсӣ чунин пиндошт, ки турону туркон аз як тираву аз як нажоданд». (21, 58)
Ба нигар мерасад бардоште, ки гӯё Фирдавсии бузургвор ба иштибоҳ Туронро бо Турк ҳамнажод пиндоштааст, дур аз мантиқ буда, ба дидаи жарфбину хаёли нозуки муноддии аслу насаби ориёӣ, Ҳакими ҳакимони замонаҳо шак овардан, шигифтангез низ ҳаст. Ба пиндори мо дар рӯзгори худованди «Шоҳнома», сарзамини Турон, ки паҳнаи имрӯзини Қазоқистон, Туркманистон (ба ҷуз Марву Чорҷӯ), Қароқалпоқистон, Қирғизистон, Сибирияи ҷануби ғарбӣ, Урал ва Туркистони Чин (Уйғуристон) ро дар бар мегирифт, рӯ ба холӣ гаштан аз турониёни ориёитабор ниҳода буд. Дар он рӯзгор дигар сакоиҳову сарматҳо, олонҳову осҳову масагетҳо кушониҳо, парфянҳову эфтолитҳо ба савоҳили Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Ҳиндустон, Хуросон ва Аврупои имрӯз кӯч намуда, дар он ҷойҳо бо мардуми бумӣ даромехта, ақвоми наверо, аз қабили роксоланҳо, олонҳо, язигҳо, росомонҳо, элурҳо, кангювҳо, аланорсҳо, кушониҳо, сиракҳо ва як идда ақвоми дигарро бунёд намуда буданд ва дар миёни бахше аз турониёни дар сарзамини обоии худ бозмонда, раванди бо қабилаҳои туркнкажоди ғуз, оғӯз, утурғуз ва монанди он даромехтан ва симову қомати зардпӯстони омадаро тағйир додан ва ба маниши кӯчнишиниву тохтутозу ғорату вайронкории хеш нерӯ бахшидан, дар ҷараён буд. Дар бораи табдили (ассимилятсияи) турониён бо туркон, ки ба воқеъаҳои таърихии қаламрави Утрор ва Варорудро ишғол кардани қабилаҳои гуногуни туркон рост меояд, донишманди доно, Манучеҳри Муртазавӣ чунин навиштааст: «Агарчи табдили таърихӣ ва ҷонишинии туркон ба ҷойи турониён аз давраи сосониён ва шояд пеш аз он ибтидо гирифта бошад, вале шигифто ки интибоқи ин ҳамосаи куҳан дар шакли ҷадиди он бо масоили давраи сомонӣ ва оғози давраи ғазнавӣ маҳсустар ва муҳимтар аст ва шояд такяи бештари Фирдавсӣ бар рӯйи туркон ва хоқони Чин (ки зоҳиран аз Туркистони аслӣ ва қабоили биёбонии турку туркманон ва аҳёнан Ҳиндустон ҳикоят мекунад), мутаассир аз ҳамин воқеъияти муосир бошад.» (3, 127)
Дар ин ҷо ёдоварии нуктае арзиши нигариш дорад ва он ин аст, ки туркгумонони таърихнигор, дар мақолаҳову китобҳои дарсии зоҳиран илмгунаи худ, пиромуни турониёни ориёитабор гуморидани қазоқҳо, ноогоҳонро ба раҳгумӣ ҳидоят намуда, ҳақиқати таърихии танҳо дар садаи VI мелодӣ (аз рӯйии дарёфтаҳои В.Бартольд, соли 558 мелодӣ), ба Қазоқистони имрӯзин, Ҳафтрӯд ва Хазар сарозер шудани аждодони худро инкор мекунанд ва мехоҳанд бар ҳадафи ҳувиятсозии хеш, гузаштагонашонро аз нажоди сакоиҳо вонамуд созанд.
Ҳамин омезиши турониён бо туркон буда, ки дар миёни номҳои хонадони ориёии Турон ному лақабҳои туркӣ пайдо шуданд. Ончуноне ки дар «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ хондаем, сарзамини Турон ҷойгоҳи мардумоне будааст, ки ҷуз аз бодияпаймоиву хайманишинӣ, бо як силсила вижагиҳо дар манишу куниш, бовариҳову довариҳо, аз эронитаборон тафовути комил дошта будастанд, ки мо то ҷое тавон дорем, онҳоро пеши дидор меоварем;
1.Ҷойномҳои Эрон ва Турон
.
Номи Эронро ба шакли маъмулии имрӯза, беш аз ҳама Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» — и ҷовидонаш, ёдовар шудааст ва ҷамъан 1069 – як ҳазору шастунуҳ бор ин ҷойномро (топонимро) ба такрор ном бурдааст. То Ҳаким Фирдавсӣ Эронзаминро ба гунаҳои гунагун, аз ҷумла «Айриёнам», «Ойриён», «Ориёно», «Ариянама вайҷа(ҳ)» ва монанди он номида будаанд. Ин номро дар аҳди ҳахоманишиён (550—327 пеш аз мелод), ба шакли «Aryānem Xšaθram» (давлати ориёиҳо) ва дар аҳди сосонӣ (250 пеш аз мелод— 224 мелодӣ),«Aryānšaθr / Aryānšahr», Эроншаҳр (аз «Erānšahr» паҳлавӣ»ʼyrʼnštr»), мегуфтанд.
Номи Туронро низ ба шакли гӯиши ҳоло нахустин бор Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» зикр намудааст ва аз Турон дар саросари шоҳкори беҳамто 316 – сесаду шонздаҳ бор ном бурда шудааст. Номи Турон дар «Авасто» (Яштҳои 5, 54, 57) ба гунаи «tuirianam» ва дар ҷойи дигар «Tuiriianam Dahyunam» ва дар забони паҳлавӣ наздик ба номи «Шоҳнома», ба гунаи Tūrān омада, пойтахти он шаҳри Канг дониста шудааст. Бархе ҷӯяндагон гумон бурдаанд, ки номи сарзамини Турон вобаста ба исми Тур, фарзанди Фаридун мебошад. Ҳамон достони машҳуре, ки Фаридун ҷаҳонро (дар ҷойи дигар қаламрави зери фармонравоии хешро) миёни се писар тақсим мекунд ва ин бахшбандӣ боиси низоъ байни писарон – Эраҷ, Тур ва Салм мегардад:
Дигар Турро дод Туронзамин,
Варо кард солори туркону Чин. (1-1, 147)
Тур аз ин бахшбандии падар дар шигифт омада, бухлу норизоияти худро ба Эраҷ чунин изҳор менамояд:
Туро бояд Эрону тахти меҳон,
Маро бар дари турк баста миён. (1-1, 163)
Сатрҳои боло гувоҳ бар онанд, ки то тақсиму бахшбандии Фаридун, ин сарзамин бо номи Турон ёд мешудааст. Аммо маҳз аз ҳамин байт ва байтҳои дигар низ бармеояд, ки он сарзамин ба номи Тур пайвастагие надорад, зеро то бахшидан ба писари Фаридун, он макон ба худии худ Турон ном дошта будааст ва гузашта аз ин вожаи «тур», «Турон», бо калимаи «турк» ва табори туркон хурдтарин пайванде надорад.
Ба гуфтан меарзад, ки Канг — Кангю (ва дар «Шоҳнома» Гангдиж) курсинишинии сарзамини турконе буд, ки онро Ҳаким Фирдавсӣ Турон номидааст. Пажӯҳишгарони таърихи ба Варорӯд сарозер шудани қабилаҳои туркӣ бо бардошт аз сарчашмаҳои чинӣ низ бар онанд, ки туркон мардумони Усун (қабилаҳои сармат ва олонҳо) — ро аз бошишгоҳашон ронда, он маконро зистгоҳи худ сохтанд. Устод Х. Н. Назаров барои пурдалел сохтани биниши худ чунин дарёфти таърихшиноси Русияро овардааст: «Таърихшинос И. Бичурин чунин огоҳ месозад, ки қаламрави Кангю фарогири даштҳои фаросӯи самти шимоли рӯди Сир будааст, ки ҳамакнун қазоқҳо (қазоқистониҳо) дар он ҷо кӯчигарӣ мекунанд». (27, 14)
2. Ҷайҳун марзҳои Эрон ва Турон.
Дар оғоз ёд шуд, аксарияти ҷӯяндагони марзҳои Эрон ва Турон, рӯди Омӯро ҳадди ин ду сарзамин дониста, Варорудро ҷузви Турон гуморидаанд. Аммо бояд боз ҳам пурсид, ки чи гуна метавон ва чи моро водоштааст, ки ниёи тоҷикони сарзамини паҳновари Хуросони бостон, як бахши Эрони Бузургро эронӣ ва тоҷикони фаросӯи рӯди Омӯро туронӣ бишуморем?!
Чуноне аз дидҳои бархе пажӯҳишгарон бармеояд, яке аз сабабҳои асосии аз ҳам ҷудо сохтани мардумони тоҷик, рӯди Омӯ будааст ва бояд баррасӣ намуд, ки то чи андоза ин гумон рост ва ё норост аст. Ба якборагӣ бояд гуфт, ки яке аз иддаои рӯди Омӯро марзи Эрону Турон пиндоштан бар пояи дарнарафтан ба тобишҳои гуногуни вожаи «ҷайҳун» устувор аст. Нукта ин аст, ки вожаи «ҷайҳун» исми хос набуда, танҳо ба рӯди Омӯ нисбат дода нашудааст. Ин вожа ҳамчун исми ҷинс барои бозгуфтани ҳар кадом рӯди серобу паҳновару пурхурӯш ба кор бурда мешавад ва ҷӯяндагони марзҳои Эрон ва Турон ҳар гоҳ дар осори таърихии гузаштагон, ба вижа дар «Шоҳнома» — и Ҳаким Фирдавсӣ чашм ба вожаи «ҷайҳун» дӯхтаанд, пиндоштаанд, ки баёнгари рӯди Омӯ ва нишонгари марзҳои ин ду кишвари бо ҳам дар ҷангҳои доимӣ қарор дошта, мебошад. Аммо бо жарфнигарӣ ба сатрҳои «Шоҳнома» ва осори таърихии гузаштагон, ба хубӣ метавон дарёфт, ки бо вожаи «ҷайҳун» гаҳе Омӯ, гаҳе Нил, гаҳе Отил (Волга) ва хеле афзун Сирдарёро дар нигар гирифтаанд. Барои равшан шудани матлаб ин сатрҳоро пеши дидори хонандагон меоварем:
Аз Саъдии Шерозӣ:
Бидор эй фурӯмоя з – ин хишт даст,
Ки ҷайҳун нашояд ба як хишт баст.
Ҳофизи Абрӯ гуфтааст: «Дилҳо пурхуну чашмҳо ҷайҳун.»
Дар «Ҷаҳоннамо» и Наҷиби Букрон омадааст: «….. аз ҳеҷ дарё (баҳр) ҷайҳун берун наояд, ки ҳама ҷайҳунҳо ба сӯйи дарё (баҳр) шавад ва аз он ҷо муҷтамаъ гардад.»
Дар «Зайн – ул – ахбор» и Гардезӣ мехонем: «….. ва ин ҷайҳунро оби Отил (Волга З.М.) хонанд ва ӯ миёни Хазар ва Сақлоб аст». (19, 114)
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» вожаи «ҷайҳун» ро бештар ба маънии рӯди паҳновару пурхурӯш ба кор бурдааст:
Чу ту созӣ ҷангу шабехун кунӣ,
Зи хоки сияҳ рӯди ҷайҳун кунӣ. (1 -3, 74)
Ва
Зи дилҳо ҳама тарс берун кунед,
Заминро зи хун рӯди ҷайҳун кунед. (1-8, 219)
Ин нукта шоистаи ёдоварист, ки дар «Шоҳнома» ба ҳангоми кор гирифтан аз вожаи «ҷайҳун», дар бозтоби марзҳои Эрон ва Турон, ба таври фаровон ба Гулзариюн (рӯди Сирдарё) ишора шудааст. Чунончи дар мавриди разми хоқони Чин бо эрониён ишора мегардад, ки марзи Турон дар Гулзариюн, аз он сӯйи Чоч (Тошканд) қарор дорад:
Ҳама то лаби рӯди Ҷайҳун зи Чин,
Бар – ӯ хондандӣ ба додофарин.
Сипаҳдор бо лашкару ганҷу тоҷ,
Ба Гулзариюн буд аз он сӯйи Чоҷ. (1 — 3, 74)
Дар фасли «Рой задани Афросиёб бо меҳтарон», Афросиёб аз марзҳои густурдаи фармонравоии хеш лоф зада, қаламрави Туронро «зи Чин то лаби рӯди Ҷайҳун» дониста, Суғдро подшоҳии аз худ ҷудо гуфтааст:
Зи Чин то лаби рӯди Ҷайҳун марост,
Ба Суғдем ин подшоҳӣ ҷудост. (1 — 3, 74)
Фарҳехтаи Шоҳномашинос, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ, аз достони Сиёвуш чунин маънӣ бардошт кардааст, ки Фаромурз – писари Рустам ва пешрави сипоҳи Рустам барои хунхоҳии Сиёвуш, аз рӯди Гулзариюн гузашта, ба марзи Турон мерасад ва шаҳри сохтаи Сиёвуш, Кангдиж дар наздики Исиқкул (Қирғизистони имрӯзин З.М.), дар шимоли Гулзариюн ҷой гирифта будааст. (19, 1011)
Дар фаросӯи рӯдхонаи Сир ҷой доштани сарзамини Туронро гуфтаи таърихшиноси донои фаронсавӣ, Рене Гроссе таъйид мекунад. Ин донишманди нуктасанҷ, ки барояш сиёсати замона ва худхоҳии аврупоӣ бегона буд, ҳангоми бозтоб намудани хати сайри Курӯши Бузург, Сайҳунро (Сирдарёро) марзи шимоли шарқии Эрон донистааст: «Куруш аз Ҷайҳун убур кард ва ба Сайҳун, ки сарҳади шимоли шарқи кишварро ташкил медод расид ва дар он ҷо шаҳрҳое мустаҳакам ба манзури дифоъ аз хадамоти қабоили Осиёи Марказӣ бино кард». ( 14,159)
Ин нуктаро низ набояд аз дида дур дошт, ки замонҳое рӯди Омӯ марзи сиёсӣ миёни Эрону Вароруд гашта буд. Чуноне ки Ҳакими Тӯс ҳангоми бозтоб аз фарҷоми тохтутозҳои ҳазорсолаи турониён ба сарзамини Эрон ва нишон додани симои таърихии туркони ба Варорӯд роҳ ёфта, дар намоди Совашоҳ, марзҳои Эрон ва Туронро рӯди Омӯ донистааст. Ин ном дар «Шоҳнома» ба гунаи Сова ва номи писараш ба шакли Пармуда омадааст, вале ончуноне дар сарчашмаҳои дигари таърихӣ, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ» ва «Ахбор – ул – таввол» дида мешавад, номи аслии ӯ Шоба ва номи писараш Бӯйруқхон, бо унвони Ийлтегин ба сабт расидааст. Туркон дар Ҳирот шикасти сахт мехӯранд ва Совашоҳ бо дасти Баҳроми Чӯбина кушта мешавад. Лашкари туркон ба Варорӯд ақиб менишинад ва эрониён аз таъқиби писари Шоба (Совашоҳ), Бӯйруқхон даст кашида бо назардошти мушкилиҳои дар дохили кишвар ба миён омада, дарёи Омӯро ба унвони марзи сиёсӣ миёни туркон ва Эрон мепазиранд. Бад – ин тартиб шояд хонандаи хушзеҳн дарёфта бошад, ки рӯди Омӯ дар он рӯзгороне марзи Эрон ва Турон дониста шуда буд, ки туркон дигар акнун ба сарзамини Варорӯд чираманд гашта буданд.
Аммо бад – он сон ки Фирдавсии бузург гӯёву равшан ба таъкид нигоштааст, марзи Турон аз саҳрои Қипчоқ оғоз шуда то «пеши дарёи Чин» густура доштааст. Ин воқеъиятро дар достони «Бозгаштани Кайхусрав аз Турон ба Эронзамин», мехонем:
Ба Густаҳми Нӯзар супурд он замин,
Зи Қипчоқ то пеши дарёи Чин. (1-5, 388)
Ёдкарди ин нукта лозим дониста мешавад, ки вожаи «дарё», дар гӯиши тоҷикзабонони имрӯзи Варорӯд, ба маънии рӯд (дар забони русӣ «река») мебошад, аммо дар «Шоҳнома» ва адабиёти классикии форс – тоҷик (дар осори адибони чи зодаи Эрону Хуросон ва чи Варорӯд ва дар гӯиши имрӯзаи кишвари Эрон), вожаи «дарё» – ро маънӣ баҳр (дар забони русӣ «море») мебошад. Ба мушоҳида мерасад, ки ба сабаби надонистани ин нукта, гаҳе адабиётдӯстон ва ба вижа шоҳномахонҳои мо ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Ногуфта нагузорем, ки дар осори гузаштагонамон ҳамчун истисно ба се рӯди пуршӯр, ки дар замонаҳои пеш рӯйи онҳо киштиронӣ ҳам сурат мегирифт, номи «дарё» бахшида шудааст: Нил, Омӯ ва Сир
.
Гаҳе пеши хонандаи ноогоҳ метавонад чунин пурсиш ба миён ояд, ки магар худованди «Шоҳнома», ба ҳангоми бозтоби дарё, иғроқ намудааст, ки рӯи он киштиҳои бодбондорро ба тасвир оварда, паймудани масофаи оби дарёро «яксола роҳ», донистааст. Чуноне ки Кайхусрав ба ҳангоми бозгаштан аз Гангдиж, ба наздики дарё расида бодбонҳо мебинад ва барои ҳар чи зудтар расидан ба Сиёвашгирд, роҳи яксоларо дар ҳафт моҳ мепаймояд:
Бифармуд то бодбон баркашид,
Ба дарёи бепоя андар кашид.
Ҳамон оби дарёи яксола роҳ,
Чунон тез шуд бод дар ҳафт моҳ. (1 – 5, 383)
Донишманди рус, В. Шуховцев бо мутолиа ва баррасии жарфи «Шоҳнома», росту дуруст дарёфтааст, ки оид ба ҷойгоҳ ва паҳнаи Турон дар «Шоҳнома» – и Ҳаким Фирдавсӣ, иттилооти хеле мушаххас дида мешавад. Ба ҳангоми тасвири сафари Сиёваш ба назди Афросиёб ва юриши Тӯс ба Турон, хати сайри онҳо аз Балх то Канг – пойтахти Турон, бозгӯ шудааст. Ин хати сайр аз Термиз, Суғд, Самарқанд, Чоҷ гузашта, бархӯрди нахустин бо турониён, пас аз гузаштан аз ағбаи байни Чоҷ ва Испиҷоб (Чимкенти кунунӣ З.М.), бо сипаҳбади турониён, Варозод сурат мегирад. Бад – ин тартиб аз Испиҷоб гузашта, ба пойтахти Турон, шаҳри Канг расидан мумкин буд. (14, 10)
3. Боварҳои динии эрониён ва турониён.
Бахши зиёди пажӯҳандагон дарёфтаанд, ки яке аз сабабҳои асосии даргириҳо миёни Эрон ва Турон дар баробари биёбонгардиву яғмогарии турониён ва ҳамвора ба деҳоти кишоварзони эронӣ ҳамла кардан, ҳамчунон ихтилоф дар бовариҳои диннӣ низ будааст. Ба ин тафовути чашмрас бисёре аз донишмандон ишораҳо доранд, вале чуноне ба чашм мерасад бахши зиёде аз онҳо гузаштагони тоҷиконро ҳамчун туронӣ ба ойини Зартушт бегона арзёбӣ кардаанд. Ин пиндорро пеш аз ҳама бо далеле метавон нодуруст шуморид, ки чуноне аз «Авасто» медонем, Зартушт ба бори нахуст дар оби Доятик — Дотик (рӯди Омӯ) обтанӣ карда, фариштаи Ваҳуман ба ӯ ваҳйи Аҳурамаздоро расондааст. Фирдавсии озармин дар ҳикояти «Зуҳури Зартушт ба дарбори Гуштосб», Балхро Эрон ва ҷойгоҳи пайдоиши Зартушт дониста, чунин гуфтааст:
Аз айвони Гуштосб то пеши кох,
Дарахти гашанбеху бисёршох.
Ҳама барги вай панду бораш хирад,
Касе к – ӯ чунон бархӯрад, кай мурад.
Хуҷастапаю номи ӯ Зардуҳушт,
Ки Оҳармани бадкунишро бикушт.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт пайғамбарам,
Туро сӯйи яздон ҳаме раҳбарам. (1- 6, 83)
Воқеан, дар «Авасто» сухан бештар дар пиромуни вилоятҳои шарқи фалоти Эрони Бузург, яъне Хуросон (Балх ва Осиёи Марказӣ) ба миён омадааст ва ёдкардҳо аз қисмати ғарби Эрон (яъне Эрони имрӯзин), гоҳ – гаҳе ба нигар мерасад. Ҳамин аст ки сарчашмаи пайдоиши бовариҳои дини Зартушт, ба истилоҳ «Маккаи зартуштиён», Балхи Бомӣ буд.
Дар тафовут бо эрониён, аксари турониён яздонпараст набуда, бутпараст буданд. Дар «Авасто», ёдкарду ситоиш аз «фуруҳарҳои турониён», бар он далолат мекунад, ки дар ибтидо бахши зиёди турониён боварманди кеши Зартушт будаанд, вале сипас онҳо бутпарастӣ (идолопоклонство, язычество), ё ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ, девпарастӣ ихтиёр мекунанд.
Ту мар девро мардуми бад шинос,
Касе к – ӯ надорад зи яздон сипос.
Барои исботи боварманд будани мардуми Вароруд ба ойини Зартушт ва бар хилофи онҳо бутпараст будани турониён, метавон намунаҳои зиёде аз «Шоҳнома» овард:
Ба нерӯи яздон биёбем даст,
Бад – он бадкуниш мардуми бутпараст. (1-6, 239)
Шоҳаншоҳ Кайхусрав, пас аз тасхири Чину Хутан ба Эрон бозомада, дар шаҳрҳои бузурги масири роҳ аз як ҳафта то ду ҳафта мемонад ва дар оташкадаҳои он шаҳрҳо намоз мегузорад, ки ин баёнгари ривоҷ доштани ойини Зартушт дар Хуросону Вароруд мебошад. Аз ҷумла дар Суғд ба оташкадаи Бухоро рафтани шоҳаншоҳ чунин бозгӯ шудааст:
Ба Суғд андарун буд як ҳафта пеш,
Талимону Хузон ҳаме рафт пеш.
В – аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кашид,
Зи лашкар замин шуд ҳаме нопадид.
Бихӯрду биёсуду як ҳафта буд,
Дуввум ҳафта бо ҷомаи нобисуд.
Ғамӣ шуд аз он рӯзҳои шуда,
Биёмад хурӯшон ба оташкада.
Бигустурд бар мӯбадон симу зар,
Бар оташ пароканд чанде гуҳар. (1- 5, 389)
Ин андеша дар лаҳзаи тасвири ҳамлаи арабҳо ба Бухоро, ки ба пурсиши «дар Бухоро аз номдорон ҳеҷ фарзанде мондааст?», посух меояд, ки «дар ин шаҳрҳо аз оташпарастон касе намондааст»:
Бар он шаҳрҳо тозиёнрост даст,
Ки на шоҳ монду на оташпараст. (1-9, 483)
Зартуштӣ будани тоҷиконро то замони ислом пазируфтан, далели дигаре низ исбот аст, ки ойини Зартушт кеши кишоварзон буд ва воқеъияти деҳнишину киштманд будани гузаштагони дури тоҷикон, нодурустии пиндори он пажӯҳишгаронеро ки тоҷиконро «кӯчиҳои эронӣ» номидаанд, ба равшанӣ намоён месозад. Тоҷикон нахустин деҳнишинон, ромкунандагони ҳайвонот ва домпарвароне буданд, ки ғизояшон асосан аз маводи ширӣ, меваву гиёҳҳо буд, на монанди кӯчиҳо ғолибан аз гӯшт ва бо таваҷҷуҳи андаке ба осонӣ метавон пай бурд, ки дар манишу куниши тоҷикон ҳатто ишорае ба рамачарониву кӯчнишинӣ нест. Агар ба хазинаи забони тоҷикӣ бингарем, ягон вожае ба чашм намехӯрад, ки тобиши кӯчнишинӣ дошта бошад. Ҳама вомвожаҳои баёнгари шеваи парвариши чорво аз забони туркӣ мебошанд. Монанди: айлоқ, қишлоқ, тайлоқ, учоқ, қудуқ, юрт, қуш (ҳам маънии ҷуфт, ҳам қишла – истгоҳ; «қуш партофтан»), қайла, қаймоқ, қатиқ, қумиз, айрон, қурма – хӯрданиву ошомиданиҳои кӯчиён
.
Андешаи зартуштӣ будани бовариҳои динии тоҷикони бостонро ёдкарди дигаре аз «Шоҳнома» низ таъйид мекунад, ки мабни бар он мардумони сарзамини Марв (Мары- и имрӯзаи дар Туркманистон ҷой дошта), парасторони ойини Зартушт буданд. Ҳамон гуна ки дар «Шоҳнома» хондаем шоҳаншоҳ Анушервон (арабиаш Кисро) мефармояд, то ҷаҳонро (ба маънии қаламрави зери фармонашро) бигарданд ва донишманди доноеро пайдо кунанд, шоистаи мақоми вазирӣ. Паҳлавон Озодсарв ба Марв омада, бо мӯбаде вомехӯрад, бо номи Бузургмеҳр, донандаи Авастову Занд, ки рӯзгорашро ба омӯзиши шогирдон бахшида буд ва мо аз омӯзаҳои таърихиву достонҳои мардумӣ дар мавриди бинишу дониши Бузургмеҳр дар роҳи густариши додгустарии Анушервон ҳикоятҳо медонем:
Яке аз радон номаш Озодсарв,
Зи даргоҳи Кисро биёмад ба Марв.
Биёмад ҳаме гирди Марву биҷуст,
Яке мӯбаде дид бо Занду Уст. (1 – 8, 155)
4. Чеҳра ва либоси турониҳо.
Дар «Шоҳнома» мехонем, ки дар баробари бегонагии ойину манишу куниши турониён, ба шумули ғоратгариву вайронкорӣ, чеҳраву шеваи либоспӯшии мардуми Турон низ дар муқоиса бо эронинажодон тафовутҳои чашмгир дошта будааст. Ба чеҳрашиносон (антропологҳо) равшан аст, ки чеҳраи туркон (аз ҷумла туркони қипчоқу оғуз, қарлуқу утузғуз ва ғолибан ҳама туркони бо ориёинажодон омезиш наёфта), муғулӣ (монголоид) мебошанд. Ва аз ин ки турониҳо ориёинажод буданд, ҷойи дудилагӣ нест ва чеҳраи эронӣ (аврупоӣ) доштанашон воқеъист. Вале дар «Шоҳнома» туронӣ, ба вижа туроние, ки муродифи турк омадааст, ғолибан бо чеҳраҳои зишт, чун девон пурпашм ва чашмони рез бозтоб шудаанд. Бад – он сон ки Кайхусрав чеҳраи сипаҳдори туронӣ, Гурӯйи Зиреҳро дарёфтааст:
Нигаҳ кард Хусрав бар он зиштрӯй,
Чу девон ба сар бар фурӯ ҳишта мӯй. (5-5, 204)
Чунин нигаришро ба чеҳраи туркон нависандаи армании садаи X мелодӣ, Мусо (Моисей) Хуранӣ, бад – ин сон тасвир кардааст: «Хатари даҳшатборе, ки аз сӯйи мардуми палид ва ғаддоре, ки суратҳои паҳн доштанд ва шабеҳу ҳаммонанди занон буданд, мушоҳида кард. (Яъне кӯсариш буданд) Мӯйҳои дарози онон аз сар ба чеҳраву баданашон фурӯ рехта буд. Онҳо найза ва тиру камон дар даст доштанд ва ҳаммонанди гургҳои ваҳшӣ ҳамла мекарданд. Камтарин асаре аз шарму ҳаё дар чеҳраи онон машҳуд набуд». ( 14, 264) Тангчашм будани турконро, Ҳаким Фирдавсӣ бо вожаи «гурбачашм», баён доштааст:
Або сурхтурки баде гурбачашм,
Ки гуфтӣ дил озурда дорад ба хашм. (1 – 8, 525)
Дар пиромуни тафовути чашмгир доштани чеҳраи турониён (ки дар нигари Ҳакими Тӯс туркони таҳдидгар ба марзҳои Меҳани ӯ буданд) нисбат ба эрониён, метавон аз достонҳои «Шоҳнома» намунаҳои фаровон овард, аммо он чи дархӯри биниш аст,1- 8 ин мебошад, ки Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳангоми бархӯрди Суҳроб бо Гурдофарид, бо ишора ба сурату қомат, Гурдофариди эронӣ пай мебарад, ки паҳлавони ҷавон аз нажод туронӣ нест:
Намонӣ ба туркон бад – ин болу суфт,
Ба Эрон надонам туро низ ҷуфт. (1 – 2, 98)
Дар «Шоҳнома» чеҳраи тоҷиктаборон, ба гунаи Баҳроми Чӯбина баландболо, бо устухону бинии бузург, намоён гаштааст:
Ба боло бузургу ба андом хушк,
Ба гирди сараш ҷаъдмӯе чу мушк,
Қавӣ устухонҳову бинӣ бузург,
Сияҳчардаву тундгӯву сутург. (1 – 8, 480)
Афзун бар ин, чун шеваи либоспӯшӣ равшангари тафовутҳои куллӣ миёни ойину суннатҳои қавмҳо мебошад, офаридгори «Шоҳнома», ба вижагиҳои сарулибоси турониён, аз ҷумла бо овардани таркибҳои «қабои турӣ», «кулоҳи турӣ», ё «ҷомаи турквор», ишораҳои фаровон дорад:
Бипӯшид Ҷомосб турӣ қабой,
Фуруд омад аз кӯҳ бе роҳнамой. (1- 4, 480)
Дар ҷойи дигар кулоҳи турониён бо шакли вижа, ки онро «кулоҳи дупар» номидаанд ва камари баста, чун шеваи либоспӯшӣ, тафовути эрониҳоро аз турониҳо нишонгар аст:
Чу Ҷомосбро дид, к – омад ба роҳ,
Ба сар бар яке нағз турӣ кулоҳ.
….. …… …… ……..
Ба сар барниҳода кулоҳи дупар,
Ба ойини туркон бубасташ камар. (1- 6, 179 -180)
Дархӯри нигариш аст, ки эрониён ба ҳангоми пинҳонӣ рафтан ба хайли (лагери) турониён, кулоҳу либоси туронӣ (туркӣ) мепӯшиданд. Бад – он гуна ки Рустами Дастон ҷомаи туркӣ ба бар карда, ба бошишгоҳи турониён меравад:
Таҳамтан яке ҷомаи турквор,
Бипӯшиду омад ниҳон то ҳисор. (1 – 2, 247)
5. Масофаҳо миёни Эрон ва Турон.
Шоёни ёдоварист, ки донои Тус ҳангоми бозтоби замину арзҳои Эроншаҳр ва роҳпаймоии радону шоҳаншаҳон масофаҳоро миёни маконҳо афсонагуна (монанди «ҳафт шабу ҳафт рӯз», «чил шабу чил рӯз») тахмин назада, талош доштааст барои бозшинохти марзҳои кишвар фосилаҳоро наздик ба воқеъият тасвир намояд.
Масофаҳо дар «Шоҳнома» ғолибан бо «фарсанг» («фарсах»), «манзил» ва гаҳе чанд рӯз (чанд ҳафта, чанд моҳ) андоза шудаанд ва ин роҳпаймоиҳо аз Вароруд дар дуриҳо ҷойгир будани Туронро равшан месозанд. Ҳамон гуна ки фосила аз маркази Эрон то Туронро роҳи якмоҳа, ё 1000 фарсанг донистааст. Мебояд ба ёд овард, ки як фарсанг наздик ба шаш километр (5558 метр.) аст ва дар «Шоҳнома» ба ишораҳое дучор меоем, ки фосила миёни Эрону Турон 1000 фарсанг тахмин шудааст. Бад – ин тартиб агар марзи Эрон ва Турон рӯди Омӯ мебуд, аз он ҷо то Истахр, курсинишини Эрон 2500 – 3000 километр беш набуд. Аммо аз Туркистони Чин ва шимоли Қазоқистони имрӯзин, ё Урал дарозии роҳ метавонад 5500 – 6000 километр бошад. Ва боясти дар назар дошт, ки дар замони бостон, бинобар набудани пулҳову гузарогоҳҳо, убур аз биёбону кӯҳу шаху рӯдҳо, роҳпаймоён бо роҳҷӯйиҳои душвору сангин чунин масофаҳои дарозро мепаймуданд:
Ҳамоно, ки фарсанг аз Эрон ҳазор,
Бувад то ба Ганг андар эй, шаҳриёр.
Зи кӯҳу биёбону аз регу шах,
Ду лашкар бад – ин сон чу мӯру малах. (1 – 5, 399)
Ё:
Фиристода омад ба наздики шоҳ,
Ба як моҳ камтар бипаймуд роҳ. (1 – 9, 206)
Ва ё чуноне ки дар достони «Овардани Рустам Кайқубодро аз кӯҳи Албурз» пай бурда мешавад, аз Зобул то Албурзкӯҳ ду ҳафта роҳ будааст ва ин дурӣ паҳноварии сарзамини Эронро аз марказ ба сӯйи шимол баёнгар аст:
Ба ду ҳафта бояд, ки эдар бавӣ,
Гаҳу бегаҳ аз тохтан нағнавӣ. (1 – 1, 464)
Масофа аз Канг (и Сиёвуш) то Чин (Туркистони Чин) 120 фарсах, баробар ба 720 км. ва то марзи Эрон 340 фарсах, баробар ба 2040 км. мебошад ва агар марзи Эрону Турон рӯди Гулзариюн (Суғд) бошад, пас то курсинишинии он кишвар шаҳри Истахр 3000 – 3500 километрро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр масофа миёни Турон ва пойтахти Эрон беш аз 1000 фарсангро ташкил медиҳад:
Саду бист фарсанг аз эдар ба Чин,
Ҳамон сесаду чил ба Эронзамин. (1 – 3, 267)
Дар бозтоби замони аз тарафи Рустами Дастон вайрон кардани Туронзамин низ марзи Эрону Турон беш аз ҳазор фарсанг андоза шудааст:
Баромад зи кишвар саросар димор,
Бар ин гуна фарсанг беш аз ҳазор. (1 – 3, 284)
Дар «Шоҳнома» масофаҳо ҳамчунин бо вожаи «манзил» (як рӯза роҳ), андозагирӣ шудаанд. Аз ҷараёни бозтоби роҳпаймоии радону сипаҳсолорон бармеояд, ки як манзил то 35 – 40 километрро ташкил медиҳад, ки роҳпаймоён ғолибан пас аз паймудани ин масофа барои осоиш ва иваз кардани аспҳо таваққуф менамуданд. Боясти ишора кард, ки шоҳаншоҳ Куруши Бузург ин шеваи паймудани роҳҳои дарозро ҷорӣ намуда буд, ки дар сари ҳар 35 – 40 км. меҳмонсаро ва тавила (саисхона) бунёд намуда буд. (Воқеан, ин шеваи созмондеҳии роҳпаймоиро сипас аврупоиён ва русҳо бо пайравӣ аз замони Куруш пазируфтанд. Русҳо дар пеш, бо шеваи роҳҳои замони фармонравоии Куруш, «столбовая дорога» доштанд.) Дар «Шоҳнома» мехонем, ки Кайхусрав ба Тус нома нигошта, вайро назди худ мехонад ва дар нома таъкид мекунад, ки шабу рӯз нахуфта, дар ҳар манзил бо иваз кардани асп ба Эрон баргардад:
Маёсо зи рафтан шабу рӯз ҳеч,
Ба ҳар манзиле аспи дигар бисеч. (1 – 3, 487)
10. Озодсозии фалоти Эрон, ки Хуросон (Вароруд) бахше аз он буд.
Ҳамон гуна ки аз «Авасто» ва «Шоҳнома» бармояд, Турон сарзамини тозандагону чаповулгарон буда, турониён ҳамвора бо тохтутоз ба кишвари Эрон, шаҳристонҳоро ғорат ва ба коми оташ афканда, киштзорҳоро вайрону хароб мекардаанд. Турониёнро, ки густараи хушбоду ҳаво ва алафчарҳои сарсабзи фаровони Эрон ба худ ҷалб карда буд, бо баҳонаи нописандӣ ба бовариҳои динӣ ва шеваи зиндагии киштварзиву шаҳрнишинии эрониён, талош доштанд ин паҳнаи барои зиндагӣ мусоидро азхуд кунанд. Ҳамин аст, ки кӯчандагон ба шаҳрҳои нахустини эрониён, чун Балх, Бухоро, Марв, Чоҷ ва Самарқанд пай дар пай лашкар кашида, ба ибораи Ҳакими Тус, Суғдро чу дарёи об, пур аз нажоду дудаҳои худ мекунанд:
Зи хешони Арҷосбу Афросиёб,
Шуда Суғд яксар чу дарёи об. (1- 3, 232)
Дар достони «Бозгаштани хоқон ва лашкар кашидани Нӯшинравон сӯйи Тайсафун», Ҳаким Фирдавсӣ ҷузви Эрон будани Суғду Самарқанду Чоҷ, Чағониёну Хатлону Бомиёну Балх, Бухорову Хоразму Омӯйро то Хутан, ба равшанӣ баён кардааст. Дар ин достон зимни аз банди Оли Афросиёб ва хоқоннажодон озод будану зери сарварии шоҳони додгустари эронитаборон, чун Анушервон, Шопури Ҳурмузд, Яздигурд ва Баҳроми Гӯр, дар оромӣ зистан, ба тафсил ёдоварӣ шудааст:
Бипардахт Суғду Самарқанду Чоҷ,
Ба Кӯчғорбошӣ фиристод тоҷ.
Ҷаҳон нав шуд аз доди Нӯшинравон,
Бихуфтанд бар пушт пиру ҷавон.
Якояк ҳаме хонданд офарин,
Ба ҳар ҷой бар шоҳи Эронзамин. (1- 8, 261)
Лозим ба ёдкард аст, ки аз рӯйи ишораҳои дар «Шоҳнома» омада, бунёди нахустин шаҳрҳои бузург ба шоҳаншоҳони пешдодӣ нисбат доранд. Ҳанӯз шоҳаншоҳ Ковус дар навҷавонии Сиёваш, то ба Туронзамин рафтанаш замини кӯҳистон, ки «кунун Мовароуннаҳр хонандаш», ба Сиёваш дода буд:
Замини Кӯҳистон варо дод шоҳ,
Ки буд ӯ сазои бузургиву гоҳ.
Чунин хондандаш ҳаме пештар,
Ки хонӣ кунун Мовароуннаҳр. (1- 3,17)
Яқин аст меҳри мардуми Самарқанд ба Сиёваш ва эҷоди сӯгчомаи (марсияи) машҳур бар марги Сиёваш, аз тарафи мардуми Самарқанд, реша дар сарварии Сиёваш бар сарзамини Вароруд доштааст.
Дар «Шоҳнома» сатрҳои зиёде пеши дидор меоянд, ки лашкаркашии шоҳаншаҳону гурдон ба фаросӯйи рӯдхонаи Омӯ барои озодсозии фалоти Эрон, ба вижа шимоли шарқи он, аз банди тозандагони хайманишин нигаронида шудаанд. Дар китоби китобҳо мехонем, ки чи гуна мардуми Балху Вароруд аз бедодиву зиндагии талхи дар асорати бегонагон ранҷ бурда, аз оромиву хоб бебаҳраанд:
Чағониву Бомиву Хатлону Балх,
Шуда рӯз бар ҳар касе тору талх,
Бухорову Омӯю Хоразму Зам,
Басе ёд дорем бо дарду ғам,
Зи бедод аз ранҷи Афросиёб,
Касеро набуд ҷойи орому хоб. (1- 8, 264)
Давраи озодсозии Вароруд аз турониёну туркон ба замони шоҳаншаҳии Кайхусрав рост меояд. Бад – он сон ки аз пажӯҳишҳои пурарзиши донишманди доно, Ҳусайн Шаҳиди Мозандаронӣ (Бежан) дарёфтаем, «давраи Кайхусрав давраи ягонагӣ ва якпорчагии ҳама мардумони эронӣ буд ва «Шоҳнома» — и Фирдавсӣ беш аз ҳар сарчашмаи дигар моро ба бархе огоҳиҳои пурарзиши ҷуғрофиёӣ ошно мекунад, ки аз онҳо наметавон бад – он гуна дар сарчашмаҳои дигар нишоне ёфт». (20, 24)
Дар достони «Номаи Пирон ба Гударзи Кашвод», Ҳаким Фирдавсӣ нигоштааст, ки сабаби асосии ҳамлаҳои эрониён ба Турон барқарор намудани додхоҳӣ, бозпас гирифтани заминҳои ишғолгаштаи Вароруд ба Эрон мебошад, ки биступанҷ шаҳр ба унвони шаҳрҳои Эрон, барои холӣ кардан аз сипоҳи турониён ёдовар шудааст. Дар ин достон мехонем, ки бузургон аз Омӯй то Чоҷу Хутан анҷуман ороста ба шоҳ арз менамоянд, ки аз бедодиву ранҷи Афросиёб ҳама шаҳристонҳо вайрону хароб гашта, касеро орому хоб нест:
В – аз он пас бузургон шуданд анҷуман,
Зи Омӯй то шаҳри Чоҷу Хутан.
Бигуфтанд к – ин шаҳрҳои фарох,
Пур аз боғу майдону айвону кох.
Зи Чоҷу Тарак то Самарқанду Суғд,
Басе буд вайрону ороми чуғд.
Чағониву Бомиву Хатлону Балх,
Шуда рӯз бар ҳар касе тору талх,
Бухорову Хоразму Омӯю Зам,
Басе ёд дорем бо дарду ғам.
Зи бедоду аз ранҷи Афросиёб,
Касеро набуд ҷойи орому хоб. (1 — 5, 256)
Танҳо пас аз омадани Кайхусрав ва Баҳроми Гӯр мардум аз ранҷу бандагӣ раҳо ёфта, осуда шуданд:
Чу Кайхусрав омад бирастем аз ӯй,
Ҷаҳоне шуд осуда аз гуфтугӯй.
………..
Биёмад ҷаҳондор Баҳроми Гӯр,
Аз ӯ гашт Хоқон пур аз дарду шӯр. (1 — 8, 263-269)
Бо жарфнигарӣ ба ин порча аз достони ёдшуда, ба кас пӯшида нахоҳад монд, ки ҳадафи аслии лашкаркашии эрониён ба Вароруд озодсозии бахши шимолу шарқии фалоти Эрони Бузург мебошад ва ҳамин аст, ки Пирони Виса чун пай мебарад эрониён бо сипоҳи тавоно аз «баҳри буми Эрон омадаанд» , «бо банду фиреб» изҳор медорад, ки марзҳои ишғол кардаро аз туркон тиҳӣ хоҳанд кард:
Хар он шаҳр к – аз марзи Эрон ниҳӣ,
Бигӯ то кунемаш зи туркон тиҳӣ.
В – аз ободу вайрону ҳар буму бар,
Ки туркон бароварда буданд сар. (1 — 5, 97)
Ва Пирон сарзаминҳоеро, ки барои тиҳӣ кардан аз туркон ваъда медиҳад ва дар зимни якояк номбар кардани онҳо, сарзаминҳои Буст, Толиқон, Фориёб, Андароб, Бомиён, Гузгонон, Балх, Бадахшон, Хатлон, Шингон, Тирмиз, Висагирд, Бухоро ва Суғдро ёдовар мешавад:
Зи Шингону чун Тирмизу Висагирд,
Бухорову шаҳре, ки ҳасташ ба гирд.
Ҳамедун бирав то дари Суғд низ.
Наҷӯяд касе он подшоҳӣ ба чиз. (1 — 5, 97)
Шоҳаншоҳ Кайхусрав, пас аз шикаст овардан ба лашкари Турон, сарзаминҳои Чоҷ (Тошканд) ва Суғдро аз туркон, ки сипаҳдоронаш Қарохон, писари Афросиёб ва Тувург буданд, озод мекунад ва аз паёмади ситами истилогарон Суғдро чун лонаи чуғд дармеёбад:
В – аз он ҷо биёмад сӯйи марзи Суғд,
Яке навҷаҳон дид ороми чуғд. (1 — 5, 288)
Шоҳаншоҳ ба як моҳ дар Суғд монда, вайронаҳоро обод месозад ва суғдиён некхоҳи шоҳ мегарданд:
Ба Суғд андарун буд як моҳ шоҳ,
Ҳама Суғд шуд шоҳро некхоҳ. (1 — 5, 288)
Кайхусрав сафҳои сипоҳи худро аз ҷавонони суғдӣ пурра карда, ба озодсозии марзҳои дигари Эрон идома медиҳад:
Зи Суғду Кашонӣ сипаҳ баргирифт,
Ҷаҳое бад – ӯ монда андар шигифт. (1 — 5, 288)
Ногуфта нагузорем, ки мавзӯи тиҳисозии марзҳои Эрон аз турониён пеш аз давраи Кайхусрав низ мавзӯи сарнавиштсоз буд. Дар замони подшоҳии Ковус турониён бахше аз шаҳрҳои Хуросон ва Варорудро ишғол мекунанд ва шоҳ бо сардории Сиёваш барои озодсозии он марзҳо лашкар мефиристад. Турониён Балхро раҳо карда, ба Вароруд бозпас менишинанд. Турониҳо нотавонии худро дар рӯёрӯи эрониён пай бурда, пешниҳоди оштӣ мекунанд, вале Сиёваш пешниҳоди онҳоро ба шароите мепазирад, ки шаҳрҳои ишғолкардаи Эронро тиҳӣ сохта, ба марзҳои Турон бозгардонанд:
Бифармуд то кӯс бо карраной,
Заданду фурӯ ҳишт пардасарой.
Сапеҷобу он кишвари тахти оҷ,
Бухорову Суғду Самарқанду Чоҷ.
Тиҳӣ карду бо сипаҳ сӯйи Канг,
Баҳона наҷусту фиребу диранг. (1 — 4, 326)
Пиромуни мавзӯи тиҳӣ сохтани шаҳристонҳои Вароруд аз вайронгарони туронӣ, аз достонҳои «Шоҳнома» метавон намунаҳои фаровон овард, вале ба гуфтумони ин саҳифа беҳтар аст бо суханони гӯёву баҳснопазири устоди фарҳехта, Фаридун Ҷунайдӣ анҷом пазирем: «Ин сухан бад – он рӯй гуфта шуд, ки турониён ҳеҷ гоҳ аз ҳеҷ гузори дигар аз Сирдарё, ё Омӯя нагузашта буданд. Агар гоҳ – гоҳ ради пойи ононро дар гузар аз сӯи рости Гулзариюн ба сӯи шаҳрҳои Хуросонии Кашмир ва Балх низ мебинем, чунон ки дар набарди Сиёваш сипоҳиёни Турон дар дари шаҳри Балх дида мешаванд, аммо бештар гоҳҳо юриши растохез аз ин сӯй будааст, зеро ки гузар аз Сирдарё ва сарзаминҳову шаҳрҳои фаровони Эронвиҷи Тоҷикистони имрӯз нерӯи ононро медиҳад ва тавонашонро мешикаст ва беҳтар ҳамон медиданд, ки дар рӯзгори хуши баҳорон, бе огоҳии пешин шоду осуда, якбора ба дарвозаи Эрон бирасанд». (32, 12)
Мехоҳам ин гуфтаи донишманди фарҳехта устод Фаридун Ҷунайдиро ёдрас шавам, ки хеле омӯзанда аст: «Дар ин дафтар ба ҷавонони эронӣ гӯшзад кардаам, ки пайравии мутлақ аз ховаршиносони ғарбиро ба як сӯ ниҳанд ва худ дар садади пажӯҳиши фарҳанги Эрон бошанд. Коре, ки ба як эронӣ бисёр осонтар аст, то донишманде ҳамчун Маркварт, ки бузургтарин китоби ҷуғрофиро бар Эрон навишта, аммо худ бо ҳама илтиҳобе, ки барои омадан ба Эрон доштааст, ҳечгоҳ Эронро надида…»
Сухани поёни ин гуфтор он аст, ки ҳамвандони гаронмоя ҳангоми ба марзҳои гумшудаи Эрони бузурги бостон нигари хаёлии хешро афкандан, боясти бомулоҳиза бошанд, то гузаштаи ҳазорсолаи ниёконро аз сарзамини аҳуроии Эрон дар ҷудоӣ ва фосилаҳо нагиранд ва хештани хешро бо ақвоми аз бобоён дар дуриҳои дур қарор дошта, напайванданд.
Зафар МИРЗОЁН, ноиби ректор оид ба иртибот бо ҷомеа, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment