Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БА ХОТИРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БА ХОТИРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

by admin
93 views
Аабули Парчами давлатӣ ба таҳкими ҳисси баланди миллӣ, сатҳи худшиносиву худогоҳии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ – замоне ки мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намудем, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши меҳварӣ бозид. Роҷеъ ба ин мавзуъ имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатиии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ҳастии мо зи парчам аст!” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи толори Шӯрои олимони факултет баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аҳли раёсат иштирок намуданд. Нахуст ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуданд.
Зимни суханронӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек қайд намуданд, ки созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ният дорем, ки ободкориву созандагӣ оянда низ идома ёбад. Аз ҷумла, зикр карданд: “Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем”.
Сипас, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ дар мавзуи “Парчами миллӣ-рамзи давлатдорист” ва муаллими калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Абдулов Дилшод дар мавзуи “Парчам-яке аз муқаддасоти миллӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили чунин толорҳои зебову барҳаво дар ҳар як факултет ба нақша гирифта шудааст ва зина ба зина ин созандагӣ идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, мушовири ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён суханронӣ намуда, ин иқдомро дастгирӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment