Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

by admin
83 views
Имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявии саромӯзгори кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо Раҳматова Райҳонгул дар мавзуи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи методикаи таълими физика, номзади илмҳои физика Парвинаи Усмон, номзади илмҳои физака ва математика, дотсент Ғаффоров Саттор, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо, ҷонишини декан оид ба таълим Нодиров Комил, ҷонишни декан оид ба тарбия Ашурова Саодат ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари гурӯҳ Раҳматова Райҳонгул, дарсро оғоз карда, қайд намуданд: “Гузаштагони пурифтихори мо ҳазорсолаҳо зери ливои ваҳдату ягонагӣ ва ҳамандешӣ ватану миллат, озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудаанд. Аз ин лиҳоз, парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад”
.
Сипас, аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо ва порчаҳои шеърӣ дар васфи Парчам қироат гардид.
Дар охир номзади илмҳои физака Ғаффоров Саттор суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment