Home ХАБАР ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИВӢ ШУД!

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИВӢ ШУД!

by admin
108 views
Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 22-юми ноябри соли 2022 баргузор гардид.
Озмун бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ташкил шуда буд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ҷалби бештари донишҷӯён ба дарки моҳияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани беҳтарин донандагони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, дарёфт ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманд мебошад.
Аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 2 нафар донишҷӯ: Сураёи Файзимад, донишҷӯи соли 3-юми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва Раҳимов Насим, донишҷӯи соли 1-уми ҳамин факултет бо роҳбарии дотсент Муродова Гулчеҳра иштирок намуда, Сураёи Файзимад бо гирифтани холи баланд, сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо димлом ва тӯҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ карда шуд.

Related Articles

Leave a Comment