Home ХАБАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ФАРҲАНГ

by admin
83 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи маълумотнокии донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушди таҳсилоти фарогир дар даврони соҳибистиқлолии кишвар” баргузор гардид.
Дар конфронс мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шарипов Бахтовар, муаллимаи калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия Холова Ғалатӣ, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият, муаллимаи калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Гулмадова Умеда ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст мудири кафедра Шарипов Бахтовар суханронӣ намуда, конфронсро ҳусни оғоз бахшиданд ва қайд намуданд, ки дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд хеле хуб қайд намуданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем». Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо, мутаассифона, бо кӯдакони аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва зеҳнӣ имконияташон маҳдуд дучор омадан мумкин аст. Мафҳуми “кӯдакони имконияташон маҳдуд” басо мураккаб буда, он бештар ба он кӯдаконе истифода мешавад, ки дар онҳо камбудиҳои руҳию ҷисмонӣ мушоҳида мешавад. Кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои талаботи махсуси таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ бояд бо ҳамсолони солими худ якҷоя таълиму тарбия гиранд, он вақт онҳо таҷрибаи иҷтимоиро аз худ намуда, дар ҷомеа мавқеи худро чун шаҳрванди баробарҳуқуқи он ишғол менамоянд.
Сипас, муаллимаи калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ дар мавзуи “Кори психолог бо кӯдакони душвортарбия ва оилаҳои онҳо”, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият дар мавзуи “Проблемаҳои психологии кӯдакони имконияташон маҳдуд”, муаллимаи калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Гулмадова Умеда дар мавзуи “Усулҳои таълим бо кӯдакони имконияташон маҳдуд” ва донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Шароитҳои психологӣ-педагогии тарбияи одоби муошират дар кӯдакони синни калони томактабии имконияташон маҳдуд” суханронӣ намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment